Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забони адабӣ шакли таърихан кор кардашуда ва намунавии забони халқият ва ё миллат мебошад. Забони адабӣ ҳамчун шакли олии забон бо боигарии таркиби луғавӣ, бо сохти грамматикии ба тартиб овардашудаву такмилёфта (албатта, бо қонуну қоидаҳои саҳеҳи имлову китобатӣ) ва инчунин бо системаи инкишофёфтаи услубҳо аз навъҳои дигари забон фарқ карда меистад. Вай аломатҳо ва хусусиятҳои беҳтарини забони умумиро дар худ таҷассум мекунад, бинобар он вазифааш муттаҳид намудани тамоми аъзоёни халқият ва ё миллат мебошад.
Забони адабӣ ҳам инкишоф меёбад, тараққӣ мекунад, вале хусусияти умумиаш он аст, ки дар ҳамаи шароит ба тамоми аҳолӣ як хел, баробар хизмат мекунад.
Забони адабӣ дар ду шакл вуҷуд дорад: хаттӣ ва шифоҳӣ.
Услубҳои забон ин навъҳои коммуникативӣ ва функсионалии меъёри забон мебошад. Услубҳои забон аз меъёри забони адабӣ бо он фарқ мекунад, ки вай хусусияти умумиистеъмолӣ надорад, баъзан аз қонуну қоидаҳои муқаррарии забон мебарояд. Услуб низ баъди пайдоиши хат ба амал меояд, вай забони хаттиро бо гуфтугӯӣ, нутқи хаттию шифоҳиро бо ҳам муқобил мегузорад.
Ҳоло чунин услубҳои забонро қайд мекунанд: истеҳсолӣтехникӣ, илмӣ, бадеӣ, коргузорӣ, ҷамъиятӣ-публисистӣ ва гуфтугӯӣ-маишӣ. В.В. Виноградов ин услубҳоро бо функсияҳои муносибат, ахбордиҳӣ ва таъсиррасонии забон алоқаманд карда буд.
Услуби бадеӣ ва илмӣ. Забони асарҳои илмӣ ва ҳам забони адабиёти бадеӣ то андозае аз ҳам фарқ мекунанд.
Мақсади ҳам илм ва ҳам санъат, аз ҷумла асари бадеӣ, донистан ва аз худ кардани ҳастӣ, табиат ва одамизод бошад ҳам, онро бо роҳ ва воситаҳои гуногун ба даст меоранд.

пешина
аз 210
навбатӣ