Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, яғнобиҳо ва халқҳои Бадахшон забони тоҷикиро забони миллии худ мешуморанд ва бо ин забон таҳсил мекунанд. Ин ҳолатро дар забоншиносӣ дузабонии умумихалқии яктарафа меноманд.
Дар ҳолатҳои ҷудогона аз дузабонии яктарафа забони камнуфуз оҳиста-оҳиста забони халқи сернуфузро қабул мекунад ва ҳодисаи ассимилятсия ё ки субстрат ба амал меояд, яъне як забон аз байн меравад. Чунин ҳол бо забони қипчоқӣ дар Ӯзбекистон рӯй додааст.
Забон ҳамчун меъёри иҷтимоӣ-таърихӣ. Ҳар як забон дар давраҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият як меъёри муайян дорад. Албатта, фаҳмиши меъёр дар давраҳои гуногун як хел набуд. Меъёри забон танҳо дар он халқҳое ба вуҷуд меояд, ки хат доранд. Меъёри забон ҳамчун ҳодисаи конкретӣ-таърихӣ дорои се хусусият мебошад:
интихобӣ, устуворӣ ва ҳатмӣ будан.
Меъёри забон аз забон он чизҳоеро интихоб мекунад, ки хусусияти умумишавӣ дорад. Хусусияти интихобӣ меъёри забонро мураккаб, зиддиятнок ва инкишофёбанда мегардонад. Ҳамин тариқ, меъёри забон гуфта маҷмуи хеле устувори унсурҳои анъанавии системаи забонро меноманд, ки таҷрибаи забонии ҷамъият таърихан онҳоро ҷудо карда, дар худ мустаҳкам ҷой додааст.
Азбаски забон бисёрвазифа аст, таҷрибаи забонии ҷамъият, ки меъёри забон бо он мустаҳкам карда мешавад, якхела нест, меъёри забон ягона намешавад. Вай чунин намудҳо дорад: узус (муқаррарот), забони адабӣ ва услубҳои забон.
Узус шакли муқаррарии мавҷудият ва вазифадории забон мебошад. Ба ин тамоми навъҳои гуфтугӯй ва ҳатто диалекту жаргон дохил мешавад.
Тағйири меъёри забон на танҳо ба давру замон, балки ба шароити иҷтимоии одамон низ вобаста мебошад. Инро дар ҳолати мавҷуд будани меъёри ягона ҳам мушоҳида кардан мумкин аст.

пешина
аз 210
навбатӣ