МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Аксарияти халқияту миллатҳои он баробари забони модарии худ забони русиро низ медонистанд, яъне дар ин ҷо билингвизми умумӣ мушоҳида мешавад. Ба билингвизми умумӣ халқҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ мисол шуда метавонанд. Онҳо баробари забони модарии худ – забони тоҷикӣ, бо забони ӯзбекӣ низ озод гап зада метавонанд.
Омӯзиши ҳодисаи дузабонӣ ва намудҳои он шаҳодат медиҳад, ки дузабонӣ ду навъ мешавад: иртиботӣ ва ғайрииртиботӣ.
Вақте ки масъалаи дузабонӣ (билингвизм) ба амал меояд, забони модариро фарқ ва аниқ кардан (дар ҳолате ки ҳар ду забонро баробар медонанд) шарт аст, яъне кадоме аз забонҳо забони модарӣ шуморида мешаванд. Забони модарӣ гуфта ҳамон забонро мегӯянд, ки шахси ҷудогона ва ё коллективи одамон онро ба дараҷаи бояду шояд медонанд, бо он озод ва фаъолона гап мезананд, дар тамоми шароитҳо (на танҳо гап мезананду мефаҳманд, балки фикр мекунанд) бо он сухан мекунанд. Забони модарӣ забонест, ки бо он ҳамеша дар ҳама гуна шароит фикрро ифода кардан мумкин аст. Агар ин ё он шахс ду ва ё зиёда забонро як хел донад, он гоҳ забони модарӣ гуфта, забони миллатро меноманд.
Дузабонӣ яктарафа ва дутарафа мешавад. Ҳамон вақт дузабонии дутарафа мегӯянд, ки ҳар ду халқ забони ҳамдигарро медонад ва онро кор мефармояд. Навъи дутарафа одатан дар намуди иртиботӣ мушоҳида мешавад.
Ду халқи дар як ҷо зиндагикунанда одатан забони ҳамдигарро медонанд ва озодона бо он гап мезананд.
Масалан, дар Самарқанд, ки ду халқ – тоҷикон ва ӯзбекон зиндагӣ мекунанд, тоҷикон бо ӯзбекӣ ва ӯзбекон бо забони тоҷикӣ озодона гап мезананд.
Дузабонии яктарафа бештар дар ҳолатҳое ба чашм мерасад, ки як халқ камнуфуз буда, забони дуюмро забони миллии худ мешуморад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё