Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Н.Марр забонро болосохти идеологӣ меномад. Забон гӯё на танҳо инъикоси тафаккур, балки сохти ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ бошад. Воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон будани забон аҳаммияти якумдараҷагии худро гум мекунад.
Иван Иванович Мешанинов (1883-1967) солҳои 30-40 роҳбари забоншиносии шуравӣ буд. Вай яке аз шогирдони асосии академик Марр буд. Аз солҳои 40-уми асри гузашта сар карда И.И. Мешаннинов баъзе фикрҳои устоди худро, масалан, анализи чорунсура ё ки ба эътибор нагирифтани методи муқоисавӣ-типологии сохти грамматикии забонҳоро қабул намекунад. Ҳамин тариқ, И.И.
Мешаннинов ба ҷойи ҷараёни ягонаи глоттогонии Марр муқоисаи типологии забонҳоро ҳам аз ҷиҳати таърихӣ ва ҳам ҳолати ҳозира пешниҳод мекунад.
Доир ба масъалаҳои ҳиссаҳои нутқ, тасрифи онҳо, сиға ва намуду замони феъл дар забонҳои ғайрихеш корҳои типологӣ ба вуҷуд меоянд.
Асарҳои нисбатан калон ва охирини Мешанинов И.И.
«Аъзоҳои ҷумла ва ҳиссаҳои нутқ» (1945), «Феъл» (1949) ва «Структураи ҷумла» (1936) чӣ андоза аз ақидаҳои устодаш дур шудани олимро нишон медиҳанд.
Мешанинов И.И. ба омӯзиши забонҳои бехат ва камомӯхташуда диққат дода, ба баёни типологии шаклҳои грамматикӣ ва махсусан категорияҳои синтаксисии забонҳои гуногунсистема аҳаммият медод.
Дар забони аварӣ дар кадом падеж омадани мудтадо ба ифодаи хабар ва маънои он вобаста мебошад. Феъл хусусияти гузаранда дошта бошад, мубтадо дар падежи творителний ё ки эргативӣ меояд, феъл ҳиссиётро ифода кунад, мубтадо дар падежи дателний, идрокро ифода кунад, дар падежи местний, соҳибиятро ифода кунад, дар падежи родителний ва агар феъл монда бошад, мубтадо дар падежи именителний меояд.

пешина
аз 210
навбатӣ