МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
меомӯзад) муттаҳид менамояд.
Микролингвистика шохаи забоншиносиест, ки алоқа, муносибати тарафайн ва муқобилгузории дохили системаи забонро меомӯзад. Ба тарзи дигар гӯем, илм доир ба ифода, на маъно. Матн (порчаи нутқ) асоси реалии ин илм ба ҳисоб меравад.
Вазифаи асосии лингвистикаи дескриптивӣ, - ба фикри Харрис, «омӯзиши муносибати тақсимот (дистрибутсия) ва ё тартиби (аранжировка) ҷой гирифтани қисмҳои ҷудогонаи нутқ таносубан ба якдигар ҳангоми нутқкунӣ мебошад.
Яке аз мақсадҳои забоншиносони Америка омӯзиши забонҳои ҳиндуҳои америкоӣ буд. Ин забонҳоро бо он методе, ки забонҳои европоӣ омӯхта мешуданд, тадқиқ кардан душвор буд, зеро онҳо дорои категорияҳои ба худ хос буда, осори хаттӣ надоштанд ва инчунин ҷумлаи ин забонҳо структураи махсус дошт. Аз ин рӯ, мақсади асосӣ баён ва ё тасвири забонҳо буд, на маънидоди онҳо. Ба тарафҳои мусбати лингвистикаи дескриптивӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст: 1.Такя кардан ба шакл ҳангоми таҳлили лингвистӣ. 2.Мукаммал ва хеле аниқ омӯхтани тамоми навъҳои ба қисматҳо ҷудокунӣ (таҳлил) ва навъҳои алоқа.
3.Муайян намудани тамоми навъҳои вобастагии грамматикии байни компонентҳои дар забон мавҷуда.
Ҳамин тариқ, методҳои тадқиқи забон, ки забоншиносони Америка ҳангоми тадқиқ ва омӯзиши забонҳои ҳиндуҳои Америка ба даст овардаанд, эътироф ва паҳн гардид. Ин таҳлили дистрибутивии унсурҳои забон, таҳлили қисматҳои бевосита бо ҳам алоқаманди забон ва трансформатсияи синтаксисӣ мебошад.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудан доир ба ҷараёни
структурализм ва мактаби лингвистии Копенгаген Мавзуи 18.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё