МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Асосгузори лингвистикаи дескриптивӣ забоншинос, этнограф ва антропологи америкоӣ Франс Боас (1858-1942) мебошад.
Дар муқаддимаи асари коллективонаи «Дастуруламал (раҳнамо) доир ба забонҳои ҳиндуҳои Америка» (1911) Боас таъкид мекунад, ки он методҳои тадқиқотие, ки дар омӯзиши забонҳои Европа истифода мешуданд, дар омӯзиши забони ҳиндуҳои Америка ба кор намеоянд, чунки забони ҳиндуҳои Америка категорияҳои махсус дошта, ба куллӣ аз забонҳои Европа фарқ мекунад. Дар ин забонҳо калимаву ҷумла барин воҳидҳои маъмул ҷой надорад.
Корҳои Боасро асосгузорони мактаби лингвистии Америка Эдуард Сепир (1884-1939) ва Леонард Блумфилд (1887-1949) дар ду равия инкишоф додаанд.
Забоншиносони минбаъда ба ин ё он дарҷ\аҷа анъанаи онҳоро давом медиҳанд.
Сепир асосгузори этнолингвистика буда, ба масъалаҳои забоншиносии умумӣ ва махсусан алоқаи забону маданият ва забону тафаккур машғул шудааст.
Ақидаҳои ӯ дар асараш «Забон» (1921) ифода ёфтааст.
Уорф ва Гринберг пайрав ва давомдиҳандаи кори Сепир буданд. Сепир яке аз тадқиқотчиёни машҳури забонҳои халқҳои маҳаллии ШМА, Канада ва Мексика буд. Ба қавли Сепир, ҳар як забон қолаби махсуси худро дорад, бинобар ин муҳити атрофро ба тарзи махсус ҷудо мекунад ва инро аз соҳибони худ ҳам талаб мекунад. Гӯё одамони бо забонҳои гуногун гапзананда ҷаҳонро як хел надида, ба таври гуногун дарк мекунанду мефаҳманд. Ин идеяро тарафдорони ҷараёни этнолингвистика давом дода истодаанд.
Сепир мафҳумро ба чор намуд ҷудо мекунад: 1) мафҳуми асосӣ, ки бо калимаҳои мустақили решагӣ ифода мегардад; 2) мафҳуми дериватсионӣ (ба ин пасванду бандак (флексия) мансуб мебошад; 3) мафҳуми мушаххаси релятсионӣ (воситаҳои ифодакунандаи ҷинсияти грамматикӣ ва шумора дар сифату феъл); 4) мафҳумҳои асили релятсионӣ – воситаҳои алоқаи синтаксисӣ (аломатҳои падеж дар исм).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё