Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инчунин буҳтон манеҳ бар аҳли Ҳақ,
К-ин хаёли туст, баргардон варақ.

Касе, ки ба мақоми ин донои пир нарасидааст, намедонад рози ў чист ва худи ў кист.

Куфру имон нест он ҷое, ки ўст,
З-он ки ў мағз асту ин ду рангу пўст.
Куфрро ҳад асту андоза, бидон
Шайху нури шайхро набвад карон.

Туҳматзананда гуфт:
–Биё, туро пеши ў бибарам, то ба чашми худ бинӣ, ки май мехўраду баду бадкор аст.
Муриду он мард хидмати шайх рафтанд. Ўро дар ҳоли шаробхўрӣ диданд. Гуфтанд:
–Эй шайх, ту дар ин мақом бо мастию майхорагӣ чӣ мекунӣ?
Шайх ба онҳо гуфт:
–Наздиктар биёед ва чун рафтанду дар ҷом нигаристанд, ҷуз шарбати асалу ангубин чизе надиданд. Ҳар ду дар шигифт омаданд, аз ин ки туҳмат зада буданд, ғамгин шуданд.
Он гоҳ шайх гуфт:
–Ман беморам ва дармонам шароб аст. Бираву барои ман шароб таҳия кун, чунки дар шаръ барои дармону тандурустӣ ҳар ҳароме ҳалол мешавад.
Мурид ба шаҳр рафт. Ба ҳар майхонае сар зад, шароб наёфт. Ҳама ҷо шишаҳо ва хумҳои шароб пур аз ангубин шуда буд. Майфурўшон донистанд, ки ин асари каромати шайх аст. Дастбарсарзанону ашкрезон рў ба хонаи ў ниҳоданд.

Ҷумла риндон назди он шайх омаданд,
Чашм гирён, даст бар сар мезаданд.

пешина
аз 298
навбатӣ