МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҳамагӣ гуфтанд:
–Ту, ки метавонӣ шаробро асал гардонӣ, моро ҳам аз гумроҳӣ наҷот бидеҳ, раҳнамоӣ кун, то аз бадию зиштӣ раҳоӣ ёбем.
ДОСТОНИ МУШ ВА ШУТУР
Шутуре мерафт ва муше лаҷоми ўро мекашид. Чун шутур ба оромӣ дар пайи ў равон буд, худписандӣ мушро мағрур кард, ки: «Ин манам, ки шутури бо ин бузургиро роҳ мебарад!» Шутур фикри ўро дарёфт, ба худ гуфт: «Ўро дар ҷояш шинонам, ки раҳнамои ман нест ва аз хари шайтон пасттараш бикашам, ки дигар чунин хаёли худхоҳона ба сараш назанад». Дар роҳ ба наҳри обе расиданд. Муш чун чашмаш ба об афтод, тарсаш гирифт ва истод.
Муш он ҷо истоду хушк гашт,
Гуфт уштур: «Эй рафиқи кўҳу дашт!
Ин таваққуф чист? Ҳайронӣ чаро?
По бинеҳ мардона, андар ҷў даро.
Ту қаловузию пешоҳанги ман,
Дар миёни раҳ мабошу тан мазан».
1 Гуфт: «Ин оби шигарф ®¿ÀÁ®º¶Ù Ман ҳаметарсам, зи ғарқоб, эй рафиқ».
Шутур гуфт:
–Бигузор по даруни об бигзорам ва бинам, ки жарфии2 он чӣ қадар аст. Он гоҳ ба об даромад. Об то зонуи ў буд.
Гуфт: «То зонуст об, эй кўрмуш,
Аз чӣ ҳайрон гаштиву рафтӣ зи ҳуш?»
1 . Шигарф – аҷиб, шавқовар.
. Жарфӣ– амиқӣ, чуқурӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё