Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Мўри тусту моро аждаҳост,
Ки зи зону то ба зону фарқҳост.
Гар туро то зону аст, эй пурҳунар,
Мар маро сад газ гузашт аз фарқи сар».

Шутур гуфт:
–Мебинӣ, ки об то зонуи ман намерасад. Тезтар ба об даро!
Муш гуфт:
–Аз зону то зону фарқ аст. Он ҷо, ки об ба зонуи ту мерасад, аз фарқи сари ман чандин газ дармегузарад.
Шутур гуфт:
–Бо ин нотавонӣ чӣ гуна даъвои раҳбарӣ мекунӣ ва кибру ғурур мефурўшӣ!
Муш гуфт:
–Тавба кардам.

Гуфт: «Тавба кардам, аз баҳри Худо,
Бигзарон з-ин оби муҳлик мар маро».

Дили уштур бар муши бечораю шармзада сўхт ва гуфт:
–Барҷаҳ ва бар болои кўҳони ман бинишин, аз ин пас, ғурури худписандиро аз худ дур кун. Худпарастӣ аз шаҳват сарчашма мегирад ва чун такрор шуд, одат мешавад.

1
Ту раият бош, чун султон найӣ,
Худ марон, чун марди киштибон найӣ.

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ДИЛСЎХТА
ВА КАРОМОТИ Ў

Дар як киштӣ марди нодоре гўшаеро гирифта ва
хуш хуфта буд. Аз қазо мусофире кисаи пури пулашро

1 . Раият – табаа, оммаи мардуми фармонбардор, тобеъ, мардуме, ки зери даст ва ҳимояи касе бошанд.

пешина
аз 298
навбатӣ