МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Шоҳ он бошад, ки аз худ шаҳ бувад,
На ба махзанҳову лашкар шаҳ шавад.
1
То бимонад шоҳии ў сармадӣ,
Ҳамчу иззи мулки дини аҳмадӣ.
ДОСТОНИ ИБРОҲИМИ АДҲАМ
Иброҳими Адҳам подшоҳи Балх буд. Ногаҳон нури Худо дар дили ў тобид. Даст аз подшоҳӣ кашид ва мулку шоҳиро раҳо кард. Дар пайи худошиносӣ ва хидмат ба мардум афтод. Рўзе Иброҳим канори дарёе нишаста буд ва ҷомаи худро медўхт. Яке аз шаҳриён, ки аз муридони ў буд, аз он ҷо мегузашт, чашмаш ба Иброҳим афтод. Пиёда шуд ва ба ў эҳтиром кард. Чун дид ҷома медўзад, дар дил гуфт: Ин мард подшоҳиро раҳо карда ва акнун сўзан нах мекунаду дарбеҳҳоро медўзад:
Шайх воқиф гашт аз андешааш,
Шайх чун шер асту дилҳо бешааш.
Чун риҷову хавф дар дилҳо равон,
Нест махфӣ бар вай асрори ҷаҳон.
Дил нигаҳ доред, эй беҳосилон,
Дар ҳузури ҳазрати соҳибдилон.
Пеши аҳли тан адаб бар зоҳир аст,
Ки Худо з-эшон ниҳонро сотир аст.
Иброҳим аз андешаи он мард огоҳ шуд ва барои ин ки ўро аз сирри худ ва наздиконаш ба Худо огоҳ созад, сўзане, ки дар даст дошт, ба дарё андохт. Он гоҳ бо овози баланд сўзанро садо зад, ки аз дарё берун биояд.
Шайх сўзан зуд дар дарё фиканд,
Хост сўзанро ба овози баланд.
. Сармадӣ– абадӣ, ҷовидон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё