Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тарсид, ки агар ўро бинад, ба он ҳама силоҳу аспи бодпо ўро бикушад. Пас пешдастӣ карду зеҳи камонро кашид, то саворро бо тир бизанад. Савор мутаваҷҷеҳи ў шуду фарёд зад, ки даст нигоҳ дор. Аз ман натарс, агарчи мебинӣ саворам ва аслиҳа дорам, аммо бидон, ки ҳангоми ба кор бурдани онҳо аз пиразане камтару бедилтару камҷуръаттарам.
Тирандоз гуфт:
–Хуб шуд, ки худро шиносондӣ, вагарна ман аз тарси ту ночор будам даст ба тиру камон бибарам ва туро ғофилгир кунам.
Пўшидани рахти ҷангу ба даст гирифтани аслиҳа кофӣ нест. Ба кор бурдани он ҷуръат мехоҳаду паҳлавонӣ. Бо аслиҳа касе Рустам намешавад.

ДОСТОНИ
АЪРОБӢ ВА МАРДИ ДОНО

Арабе ду ҷуволи пур бори шутуре карда буд ва худ рўйи онҳо нишаста, сафар мекард. Марди доное, ки пиёда мерафт, ҳамроҳи ў шуд ва барои кўтоҳ кардани роҳ бо якдигар ба гуфтугў пардохтанд. Пиёда аз савор пурсид, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Баъд пурсид, ки дар ҷуволҳо чист. Савор посух дод:
–Яке пур аз гандум асту дигаре пур аз рег.
Пиёда дар ҳайрат шуд, ки рег барои чӣ?
Савор гуфт:
–Барои ин ки ду тарафи бор баробарвазн шавад.
Доно гуфт:
–Метавонистӣ танҳо гандумҳоро дар ду ҷувол бирезӣ ва бе истифода аз регҳои беарзиш бори шутурро вазнин накунӣ, то ҳам осудатар биронӣ ва ҳам боркаши сабур аз вазни бори худ ба танг наояд.
Шутурсавор аз ақли он мард тааҷҷуб карду гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ