МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Зиндаиву зиндазод, эй шўхи шанг!
Дар намегирад туро з-ин гўри танг?
Юсуфи вақтиву хуршеди само,
З-ин чаҳу зиндон барову рў намо.
ДОСТОНИ
КЎДАКУ МАРДИ ФАРБЕҲ
Кўдаке дар кўчае мерафт. Марди безеби фарбеҳе аз пеши ў баромад. Кўдак аз дидани ў тарсиду рангу рўяш парид. Марди фарбеҳ гуфт:
–Эй кўдаки зебо, аз ман матарс ва чунин пиндор, ки ман мард нестам. Ту метавонӣ бар сару китфи ман бинишинӣ ва қавл медиҳам, ки озоре набинӣ. Ба доира нигоҳ кун, ки садояш баланду ваҳмнок аст, аммо миёнаш холист. Нашунидаӣ, ки рўбоҳе дар биёбон мерафт ва ба сайде бархўрд. Дар камин нишасту наздик шуд, ки ўро бигирад. Иттифоқан чашмаш ба табле афтод, ки ба дарахт баста буданд ва чун бод мевазид, шохаҳои дарахт бад-он мехўрданд ва садоҳои воҳимадор аз он бармехост. Рўбоҳ ба тамаи ҷуссаи бузурги табле сайдро раҳо карду ба сўйи дарахт рафт ва ба қасди табл афтод.
Аммо ҳамин ки пўсти онро дарид, дарунашро холӣ дид ва ҷуз пўсте чизе ба дасташ наомад.
Тамаъро аз хеш дур дор, то хушбахту осудахотир бошӣ. Шахси тамаъгар ҳамеша боташвишу нороҳат аст. Ҳар киро ва ҳар чиро менигарӣ, ба ботинаш диққат деҳ, на ба зоҳираш.
ДОСТОНИ
ТИРАНДОЗ ВА САВОР
Саворе бо аслиҳаи фаровон болои аспе нишаста аз
бешае мегузашт. Шикорчии тирандоз, ки дар беша буд, аз дур чашмаш ба ў афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё