МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Бемор гуфт:
–Мисли ин ки дар рагҳоям хун дуруст намегардад.
Табиб
Гуфт: «Оре, инқитои дам бувад,
Чун расад пирӣ, дусад иллат бувад».
Бемор
Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардўхтӣ?
Аз табибӣ ту ҳамин омўхтӣ?
Эй мудаммағ, ақлат ин дониш надод,
Ки Худо ҳар дардро дармон ниҳод?
Табиб гуфт:
–Умри ту ба шаст расида. Ин хашму тундию бадзабонӣ ҳам ба иллати пирӣ аст. Вақте пир шудӣ, тан ранҷур мешавад ва тоби шунидани як сухани дуруст надорад. Он касоне, ки пирӣ ранҷашон намедиҳад, мардони ворастаи худопарастанд, ки аз берун пир ва аз дарун ҷавонанду дилашон ҳамеша бо Худост.
ДОСТОНИ ҶЎҲӢ ВА КЎДАКИ
ПАДАРМУРДА
Кўдаке дар пеши тобути падар
Зор менолиду бармекўфт сар.
Кўдаке падараш мурд. Ўро ба гўристон мебурданд ва дўстону ошноён ҳам аз пушти тобут мерафтанд. Писарак гиря мекарду менолиду мегуфт:
–Эй падар, туро куҷо мебаранд? Мебаранд, ки дар гўрат кунанд. Дар қабри торик, ки дар он на фарше ҳаст, на гилеме, на дар шаби торик чароғе рўшан асту на ҳавое, на дар дораду на равзан. Аз хўрок хабаре нест, ҳамсояе ҳам надорӣ, ки дар танҳоӣ ғамхори ту бошад.
Ҷисми ту, ки бўсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кўру кабуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё