Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

масҷиди нав саргин фаровон ҷамъ шуда, ахлотдон шуда, бўйи баде аз ў паҳн мешавад. Аз бўйи бад аз хоб бедор шуд:
Дарзамон дар рў фитоду мегирист,
К-эй Худо, инҳо нишони мункирист.
Он мард бовар ҳосил кард, ки Паёмбар (с) ҳақ доштааст, ки хоҳиши онҳоро қабул накунад, чунки аз нияти нопоки онҳо огоҳ шуда будааст.
Пас аз он Расули Худо (с) барои ёрони худ парда аз фикри нодурусту нопоки он гурўҳ бардошт ва гуфт:
– Он мунофиқон мехостанд дар хонаи Худо мусалмононро гумроҳ кунанд ва аз ҳамдигар дур намоянд.
Баъд дастур дод, он масҷидро хароб карданду замини онро ахлотдон намуданд.

ДОСТОНИ
ПИРАМАРДИ БЕМОР ВА ТАБИБ

Пирамарде назди табиб рафту аз бемории бинӣ
шикоят кард. Табиб гуфт:
–Ин беморӣ аз пирӣ аст.
Мард гуфт:
– Чашмам ҳам рў ба нобиноӣ аст.
Табиб гуфт:
–Он ҳам аз пирӣ аст.
Бемор гуфт:
–Пуштам ҳам дард мекунад.
Табиб гуфт:
– Он ҳам асари пирӣ аст.
Бемор гуфт:
–Ҳар чӣ мехўрам, зуд ҳазм карда наметавонам.
Табиб гуфт:
– Заъфи меъда нишонаи пирӣ аст.

пешина
аз 298
навбатӣ