Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МУНОФИҚОНУ ПАЁМБАР (с)
ВА МАСҶИДИ ЗИРОР

Дар замони зиндагонии Муҳаммад (с) гўруҳе ба фикр афтоданд, ки исломро хароб кунанд ва барои ин ки касе аз нияти нопоки онҳо огоҳ нашавад, масҷиде сохтанду мехостанд он ҷоро ҷойгоҳе барои гирд омадани мусалмонон қарор бидиҳанд ва касонеро, ки ба масҷиди Расули акрам (с) мерафтанд, ба он ҷо ҷалб кунанд, то донишмандони яҳудӣ, ки ба зоҳир ислом оварда буданд, битвонанд онҳоро аз роҳ бароранд. Вақте масҷид сохта шуд:
1 Назди Пайғамбар ба лоба омаданд,
Ҳамчу уштур пеши ў зону заданд.
Аз ў дархост карданд, ки масҷидро бикушоянд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) хост хоҳиши онҳоро бипазирад, вале дилаш гувоҳӣ медод, гўё нияти бади онҳоро эҳсос карда буд. Ба ин ҷиҳат ба онҳо гуфт:
– Мо бояд акнун ба ҷанги мушрикон биравем, дар бозгашт дар ин бора фикре хоҳем кард.
Саркорони мунофиқ исрор карданд. Паёмбари акрам (с) ночор гуфт, ки ў ба хубии нияти онҳо бовар надорад. Онҳо бо Қуръон савганд хўрданд, ки бо нияти пок ба чунин коре даст задаанд:

Ки ба ҳаққи ин каломи поку рост,
К-он бинои масҷид аз баҳри Худост.

Боз Расули Худо (с) ваъдаи оянда дод. Ҷамъе аз
ёрони содадили Паёмбар равиши гуфтори ўро написандиданд, ки хоҳиши пирону бузургони тозамусалмонро
намепазирад. Ва яке аз ёрони вай ин нукта ба дилаш
гузашт, ки пайғамбарамон бояд айбпўшу богузашт
бошад ва чаро ў хоҳиши онҳоро рад кардааст. Дар ин
фикр буд, ки хобаш даррабуд. Дар хоб дид, ки дар он

.Лоба – сухани ниёзмандона, сухани хоҳиш, зорию тавалло.

пешина
аз 298
навбатӣ