Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: «Он чӣ хўрдаӣ, он чист он?»
Гуфт: «Он кӣ дар сабў махфист он»
Посбоне шабе аз кўча мегузашт. Мардеро дид, канори девор хуфта.
Гуфт:
–Эй маст, чӣ хўрдаӣ?
Гуфт:
–Он чӣ дар ин сабў аст, хўрдаам.
Гуфт:
–Пурсидам, чӣ хўрдаӣ?
Гуфт:
–Ҳар чӣ дар ин ҷо пинҳон аст.
Аз ин гуна пурсишу ҷавоби бе сару пуч посбон ба
мақсад нарасид. Гуфт:
–Оҳ кун, то даҳонатро бў кунам.
Марди маст ҳу-ҳу кард.
Гуфт: «Гуфтам, оҳ кун, ҳу мекунӣ»
1
Гуфт: «Ман шоду ту аз ғам мунҳанӣ.
Оҳ, аз дарду ғаму бедодӣ аст,
Ҳуй-ҳуйи майхўрон аз шодӣ аст».
Маст гуфт:
–Чаро «оҳ» кунам? Ман дарду ғаме надорам, майхўрон шоданду шодӣ мекунанд.
Посбон гуфт:
–Бархез, туро бояд ба зиндон бибарам.
Гуфт: «Рав, ту аз куҷо, ман аз куҷо?
Гуфт: «Мастӣ, хезу то зиндон биё!»
Маст гуфт:
– Эй посбон, ман чӣ дорам, ки ба зиндон биёям? Аз
бараҳна тавон намехоҳанд:

. Мунҳанӣ– хамида, дуто, каҷ.

пешина
аз 298
навбатӣ