МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Илм гуфторе, ки он беҷон бувад,
Ошиқи рўйи харидорон бувад.
1
Гарчи бошад вақти баҳси илми зафт,
Чун харидораш набошад, мурду рафт.
Хунбаҳои ман ҷамоли Зулҷалол2,
Хунбаҳои худ хўрам, касби ҳалол.
3
Ин харидорони муфлисро биҳил,
Чӣ харидорӣ кунад як мушти гил?
Гил махўр, гилро махар, гилро маҷў.
З-он ки гилхор аст доим зардрў.
Дил бихўр, то доимо бошӣ ҷавон,
4
Аз таҷаллӣ чеҳраат чун арғавон.
Донише, ки Худованд ба ман додааст, барои хидмати мардум аст. Онро хариду фурўш намекунам ва нардбони раҳбарӣ қарор намедиҳам.
ДОСТОНИ
ПОСБОНУ МАРДИ МАСТ
Мўҳтасиб дар нимшаб ҷойе расид,
Дар буни девор масте хуфта дид.
Гуфт: «Ҳай, мастӣ, чӣ хўрдастӣ? Бигў»,
5 Гуфт: «Аз ин хўрдам, ки ҳаст андар сабў Гуфт: «Охир дар сабў вогў, ки чист?»
6 Гуфт: «Аз он ки хўрдаам». Гуфт: «Ин хафист
1 .Зафт– сахт, дурушт, дағал.
2 .Зулҷалол– дорои ҷалол, соҳиби ҷалол, боҳашамат, азим, бузург: маҷ.
Худо.
3 .Биҳил – пиҳил, бахшидани ҷурм, авф кардани гуноҳ.
4 .Арғавон– дарахтест, ки гулҳояш бағоят сурх мешаванд, маҷозан сурх.
5 .Сабў– куза, зарфи сафол ва ё филиззӣ барои об, шароб ва ғайра.
.Хафӣ//хафо – пўшида, пинҳон, пинҳон ва махфӣ будан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё