Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ мехоҳӣ? Зуд бигў, вагарна аспам туро лагад хоҳад зад:
То лагад бар ту накўбад, зуд бош,
Аз чӣ мепурсӣ: «Баёнаш кун ту фош».
Мард гуфт:
–Ман ба ин шаҳр омадаам, ки зан бигирам ва омадаам бо ту машварат кунам.
Гуфт:
–Дар ҷаҳон се гуна зан барои ҳамсарӣ вуҷуд дорад:
яке тамом, яке ниматамом ва яке ҳеҷ. Он гоҳ савори чўб шуду битохту рафт. Мард аз дунболи ў давид:
Шайх ронд андар миёни кўдакон,
1 Бонг зад бори дигар ўро ҷавон.
Гуфт:
–Ба ман бигў, ки маънои суханони ту чист?
Гуфт:
– Он ки тамом аст, духтаре аст, ки шавҳар накарда ва ҳама вуҷудаш моли туст. Он ки ниматамом аст, зани бевае аст, ки шавҳар дошт ва он ки ҳеҷ аст, зане аст, ки шавҳар кардаю аз он фарзанд ҳам дорад, ҳамаи дилаш мутаваҷҷеҳи шавҳари гузашта ва фарзандони бепадари хеш аст.
Мард гуфт:
–Пурсиши дигар дорам. Ту дар ин шаҳр бо ин доноӣ чаро худро ба девонагӣ задаӣ?
Гуфт:
– Мардуми ин шаҳр мехостанд маро қозии шаҳр кунанд, барои ин ки напазирам, худро ба девонагӣ мезанам, ки аз ман даст кашанд. Агар дониш омўхтаам, барои он нест, ки илм бифурўшаму мақом пайдо кунам.
Мехоҳам чашмам боз шаваду чашми дигаронро боз кунам, дилам шамъ шаваду дили дигаронро равшан кунам.

. Бонг – фарёд, овоз, садо, махсусан садои баланд.

пешина
аз 298
навбатӣ