Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй мулло, ман то ба ҳол нуҳ зани рўйпўшидаю зоҳиран ороста ба занӣ гирифтаам. Ҳама ба бадкорӣ даст заданд, ҳоло ин якеро гирифтам, шояд дар рафтор шоиста барояд:
1 Хостам ин қаҳбаро бемаърифат,
То бибинам чун шавад ин оқибат.

ДОСТОНИ
ДОНОИ ХУДРО БА ДЕВОНАГӢ ЗАДА

Он яке мегуфт: «Хоҳам оқиле,
Машварат орам бад-ў дар мушкиле».
Он яке гуфташ, ки андар шаҳри мо,
Нест оқил, ҷуз ки он маҷнуннамо.
Касе доноеро меҷуст, ки бо ў дар боби кори мушкиле машварат кунаду гиреҳ аз кори худ бикушояд. Шахсе як мардеро ба ў нишон дод, ки монанди кўдакон чўбсаворӣ мекард.
Гуфт:
–Ин оташпораи шаҳри мост ва ман аз ў донотар касеро намедонам. Аммо дар ҳайрат машав, зеро бисёр доноён гумному ношиносанд ва чӣ басо, ки худро ба сурати мардумон ночизу нодон нишон медиҳанд. Одам бояд гаҳваршинос бошад ва бўйи хушро аз бўйи бади саргин бишносад.
Саг ба гадои кўру жандапўш ҳамла мекунад. Ў намефаҳмад, ки шояд ин гадо беҳтарини мардум бошад. Бисёр ҳастанд касоне, ки чашм доранду аз нодонӣ кўранд.
Он мард ба сўйи донои девонанамо рафту ўро фарёд кард. Марди найсавор гуфт:

. Қаҳба– зани сабукпо, фоҳиша.

пешина
аз 298
навбатӣ