Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боғбони доно, ки зарари ду танро кам карду худро бо мулло танҳо ёфт, бар сари ў дод зад, ки ин ҷо чӣ мекунӣ? Ту ҳокими шаръӣ ё молимардумхўр?
Шуд аз ў фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!
Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.
Фатвият ин аст, эй бубридадаст,
К-андаройиву нагўйӣ амр ҳаст?
Ин тавр шаръи Паёмбарро ба кор мебандӣ? Магар на дасти дуздро бояд бурид? Ҳар кас дуздӣ кунад, бояд дасташро бибуранд. Ту ҳокими шаръӣ, агар дуздӣ кунӣ, ҷазои ту чист?
Мулло, ки фиреби боғбонро хўрда буд, гуфт:
– Ҳар чӣ ба сарам меояд, сазои ман аст.
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Сазои ин ки дўстони худро дар бадбахтӣ мепартояд, беҳтар аз ин нест.
Гуфт: «Ҳақ астат, бизан, дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид».

ДОСТОНИ
ДАЛҚАКУ МУЛЛО

Масхарабозе зани фоҳишаро ба ҳамсарӣ гирифт.
Муллое ўро диду сарзаниш кард, ки чаро чунин ҳамсаре баргузидааст. Агар бо ў машварат карда буд, зане хубу ороста ва покдоман барои ў хостгорӣ мекард.
Далқак1 гуфт:
Гуфт: «Нўҳ мастури Солеҳ хостам,
Қаҳба гаштанду зи ғам ман костам.

. Далқак – масхарабоз.

пешина
аз 298
навбатӣ