Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун зўраш ба ҳар се нафар намерасид, ба фикр афтод, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Пас сўфиро пайи коре фиристоду ба муллою саййид гуфт:
– Ман намедонам, ин дарвеш бо чӣ ҳаққе бо шумо вориди боғи ман шудааст. Шумо ду тан, яке донишманду пешвои дину дигаре фарзанди Паёмбар ва ҳар кадом ҳақ доред аз меваҳои боғ бихўреду бибаред. Аммо ин дарвеш бекор ва муфтхўр аст. Далел надорад, ба ў иҷозат бидиҳам.
Он ду ҳарфи боғбонро писандиданд ва ба кори худ пардохтанд. Боғбон ба хотири осуда дунболи сўфӣ рафту ўро дашном дод, ки чаро бе иҷозат вориди боғ шудааст ва ба ў дарафтод:
Кўфт сўфиро чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.
Сўфии бечора кўфтаю дармонда аз боғ берун омад.
Боғбон, ҳамин ки аз кори дарвеш фориғ шуд, пеши он ду нафар омаду рў ба саййид карду гуфт:
– Ту шарм намедорӣ ба номи Паёмбари акрам (а) моли мардумро мехўрӣ ва беиҷозат ба боғу хонаи мардум даст мезанӣ. Кӣ медонад, ки ту рост мегўйӣ ва воқеан фарзанди Нўҳ пайғамбарӣ:
Гуфт: «Эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?
Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад бад-ў,
Ту ба пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигў».
Ин мард, ки ин ҷост ҳокими шаръ асту фақеҳу олими дин. Боғ моли худи ўст. Ҳақ дорад, ҳар чӣ мехоҳад, биканад.
Бо гуфтани ин ҷумла саййиди бадбахтро кўфтан гирифт ва ўро аз дари боғ берун кард. Марди мулло худро танҳо ёфт ва аз сарнавишти он ду нафар панд нагирифта, пиндошт, ки он чӣ боғбон мегўяд, бовари ўсту воқеан ўро ҳокими шаръ ва соҳиби ҳақ медонад.

пешина
аз 298
навбатӣ