МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ва ба фикр фурў рафт. Ногоҳ ёдаш омад, ки рўзе ба дуо аз Худованд хостааст, ки сазои гуноҳони ўро дар ҳамин ҷаҳон бидиҳад, ки пас аз марг дар ҷаҳони ҷовидон осуда бошад.
Ҳад надорад васфи ранҷи он ҷаҳон,
Саҳл бошад ранҷи дунё пеши он.
Чун ин дуо кардам, ногаҳон танам дард гирифт ва ба ин парешонӣ афтодам. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд:
Гуфт: «Ҳай-ҳай, ин дуъо дигар макун,
Бармакан ту хешро аз беху бун.
Ту чӣ тоқат дорӣ, эй мўри нажанд,
Ки ниҳад бар ту чунон кўҳи баланд?»
Ту бояд нияти нек кунӣ ва аз Худо хубӣ бихоҳӣ ё беҳтар аст ихтиёри худро ба Ў вогузорӣ, аз Ў бихоҳӣ, ҳар чӣ барои ту хуб аст, пеш оварад ва ҳар ду ҷаҳон туро хушнуду хушбахт кунаду бахшад. Беҳтарини дуо ин аст: «Худоё! Дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон ҳам ба мо хубию некӣ ато кун ва боқӣ бар уҳдаи ўст».
ДОСТОНИ СЎФӢ, САЙЙИДУ МУЛЛО
ВА БОҒБОНИ ДОНО
Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.
Боғбоне дар боғи худ се марди ношиносеро дид, ки зери дарахт нишастаанд. Аз он се нафар яке сўфӣ буд, яке саййид ва севумӣ мулло. Боғбон ба худ андешид:
Барнаёям як тана бо се нафар,
Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар,
Ҳар якеро ман ба сўйе афганам,
Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё