Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соате дар рўйи ман хуш бингарид,
Чашмакам зад, остини ман дарид.
Гар на ҷинсиййат будӣ дар ман аз ў,
Кай рух овардӣ ба ман он зиштрў?
Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ?
Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ?
Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак
Дар миёншон ҳаст қадри муштарак.
Агар он девона дар ман нишони девонагӣ намедид, бо ман чунин муомила ва муносибати хуш намекард ва маро чун худ намепиндошт. Магар шунидаед, ки ҳакиме гуфт: Аз дур дидам, зоғе бо лаклаке дўстона меравад. Дар шигифт шудам, ки онҳо ҳамҷинс нестанд, чӣ гуна дўст шудаанд. Чун ба онҳо наздик шудам, дидам, ки пойи ҳар ду ланг аст ва ҳамин лангӣ дарди муштараки онҳост, ки онҳоро ба ҳам наздик кардааст.
Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,
То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.
Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,
Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг».

ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МУҲАММАД
АЗ БЕМОР

Марде аз ёрони Паёмбари акрам (с) бемор шуд ва
он ҳазрат ба пурсиши ҳолаш ба дидорбинӣ рафт. Дидорбинии бемор чанд фоида дорад. Яке ин ки ранҷурро
дилхуш мекунад ва дўстию муҳаббатро меафзояд. Дигар ин ки ба беҳбудии худ умедвор мегардад. Ҳоли бемор хуш набуд ва маргаш наздик менамуд. Дар ривоят
аст, ки Боязид дар роҳи сафари ҳаҷ ба ҳар шаҳр, ки мерасид, аз дўстон дидорбинӣ мекард. Рўзе пиреро дид, ки нобино буд.

пешина
аз 298
навбатӣ