Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо инсон бояд ба ақли худ руҷўъ кунад ва аз асар пай ба моҳият бибарад. Агар касе аз ту бипурсад, Нуҳро мешиносӣ? Ту мегўйӣ: «Чаро нашиносам! Номашро шунидаам. Пайғамбари Худост, дар Қуръони маҷид ҳам номи ў ҳаст». Ва рост мегўйӣ. Ва агар бигўйӣ: – «Не, чӣ гуна ўро бишиносам. На дидаам ва на сухани ўро шунидаам». Боз ҳам рост мегўйӣ!
Инсони комил аз моҳияти чизҳо огоҳ аст ва дилҳои ноогоҳ ҷуз аз рўйи тақлид ё шиносоии зоҳир донишу бинише надоранд.

ДОСТОНИ ҲИЛОЛ

Чун шунидӣ баъзе авсофи Билол,
Бишнав акнун қиссаи заъфи Ҳилол.

Достони Билолро шунидӣ, акнун қиссаи бемории Ҳилолро бишнав, ки чизи дигаре аст.
Ҳилол дар равишу рафтор пешрави Билол буду бо бадиву ноҳинҷориҳо пештару бештар аз ў кўшиш буд.
Ў ҳар дам ба сўйи камолот пеш мерафт, на мисли касе, ки ҳар дам пасттар меравад ва ба ҷойи он ки гавҳаре бишавад, санг мегардад. Монанди он марди доро, ки шахсе меҳмонаш шуда буд ва аз ў пурсид, ки чандсола аст. Меҳмон гуфт:
–Ҳаждаҳ ё ҳафтдаҳ ё шонздаҳ ё понздаҳсола.
Соҳиби хона гуфт:
–Аз умрат надузд. Ин тавр ки ту паст-паст меравӣ, ба шиками модарат боз мегардӣ.
Ё ин ки касе аз амире асп хост. Амир гуфт:
–Бирав ва он аспи сафедро гир.
Мард гуфт:
–Он аспро намехоҳам, зеро ҳам паст-паст меравад ва ҳам саркаш аст.

пешина
аз 298
навбатӣ