Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худованд хароб мекунад, то онро ободтар созад.
Ман дар ин ҷо дар зиндон будам, меравам ва ҷонам
Машриқу Мағрибро пур мекунад.

Ман гадо будам дар ин хонай чу чоҳ,
Шоҳ гаштам, қаср бояд баҳри шоҳ.

Ҳангоми хобидан ҷон осуда мешавад. Дар роҳ рўҳ аз ситами табиӣ мераҳад ва зиндонӣ ба ёди зиндон нест.
Агар кафши танг бипўшӣ ва дар биёбони фарохе қадам бигузорӣ, он фазои паҳновар дар назди ту танг меояд.
Ҳар кас туро аз дур бинад, хаёл мекунад, ки аз он саҳро хушу хуррам мегузарӣ. Чӣ медонад, ки кафши ту танг асту саҳрои кушодро бар ту танг кардааст.

Хоби ту он кафш берун кардан аст,
Ки замоне ҷонат озод аз тан аст.

Ҷанин, ки дар раҳми модар аст, мекўшад худро аз он ҷойи танг бираҳонад. Раҳоӣ бо дарду ранҷи модар ҳамроҳ аст, Ў намедонад ва модар ҳам намедонад, ки ҷанинм кўдак дар он ҷойи танг нафастангӣ мекашад.
Дуд аз ҳезуми нимсўхта аст, вагарна оташи шуълавар дуд надорад.
Ваҳм хато мекунад, вале ақл не. Малолат аз тан аст, вагарна ҷон аз сабукӣ дар парвоз аст.
Нури ҳуршед аз роҳи дур ба замин мерасад, аммо ғуруб мекунад. Агар тани мо ба қурси ҳуршед бирасад, месўзад, аммо бо нури хуршед зиндааст. Гуфтани ин суханон баъзе касонро малол мекунад.

Гар ҳазорон толибанду як малул,
Аз рисолат бозмемонад расул.

Асп бонгу бўйи шерро мешиносад. Ҳар ҳайвоне
душмани худро аз нишонаҳои ў, пайи пойи ў, бўйи ў муайян мекунад.

пешина
аз 298
навбатӣ