МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Анбиё гуфтанд: дар дил иллатест,
Ки аз он дар ҳақшиносӣ офатест.
Неъмат аз вай ҷумлагӣ иллат шавад,
Тўъма дар бемор, кай қувват шавад?
Бо ин ҳама фиристодагони Худованд кўшиданд онҳоро ба роҳи рост биёваранд ва дурустию некўкорӣ биёмўзанд. Аммо панду андарз асар надошт, чун аз хайрандешон ва некўхоҳон бадашон меомад.
Паёмбарон гуфтанд:
–Бояд иллатро пайдо кард ва дармон намуд.
Дафъи иллат кун, чу иллат хав шавад,
Ҳар ҳадисе кўҳна пешат, нав шавад.
То ки аз кўҳна барорад барги нав,
Бишкуфонад куҳна сад хўша зи гав.
Он табибони табиат дигаранд,
Ки ба дил аз роҳи набзе бингаранд.
Мардуми Сабо гуфтанд:
– Суханҳое, ки мегўянд, далеле мехоҳад.
Ҷавоб шуниданд:
– Офтоб омад, далели офтоб!
Дар миёни рўз гуфтан: «рўз ку?»
Хеш расво кардан аст, эй рўзҷў?
ДОСТОНИ МАРГИ БИЛОЛ
Чун Билол аз заъф шуд ҳамчун ҳилол,
Ранги марг афтод дар рўйи Билол.
Билол, ки азонгўйи Паёмбари акрам (а) буд, бемору ранҷур шуд. Ранги марг ба рўяш нишаст. Ҳамсараш нолиду гуфт:
–Эй вой, марг ба суроғи ту меояд!
Билол гуфт:
–Хуш ба ҳоли ту, ки намедонӣ зиндагӣ чист. Чӣ донӣ пас аз марг чӣ ҷаҳоне интизори ту аст.
Гуфт:
–Ту меравӣ ва фарзандону хешонро мегузорӣ ва танҳо мешавӣ.
Билол гуфт:
–Хушо, ки ҷони ман аз зиндони тан раҳо мешавад.
Гуфт: «На на, балки имшаб ҷони ман
Мерасад худ аз ғарибӣ дар ватан».
Гуфт: «Рўятро куҷо бинем мо?»
Гуфт: «Андар ҳалқаи хоси Худо.
Ҳалқаи хосаш ба ту пайвастааст,
Гар назар боло кунӣ, на сўйи паст.
Занаш гуфт:
–Бо мурдани ту ин хона хароб мешавад.
Билол гуфт:
–Бар моҳ нигоҳ кун, на ба абр. Танро бигузор ва ба ҷон биандеш!
Гуфт: «Вайрон гашт ин хона, дареғ!»
Гуфт: «Андар маҳ нигар, мангар ба меғ».
Кард вайрон, то кунад маъмуртар,
Қавмам анбуҳ буду хона мухтасар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё