МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Рост мегўйӣ. Ман ҳам дар даруни худ чунин ҷунбишеро эҳсос кардам.
Мардуми нодон мегўянд, ки ин афсона аст ва набояд бовар кард.
Аблаҳон гўянд к-ин афсонаро,
Хат бикаш, зеро дурўғ асту хато.
Чун Марям, ҳангоме ки ҳомила буд, беруни шаҳр мезист ва аз дидори касон парҳез мекард, ҳаргиз модари Яҳёро ҳам надида буд, то бидонем ин афсона рост аст ё на. Аммо ин зоҳири кор аст. Агар касе дар пайи ботин бошад, метавонад басо нишонаҳои дурустии ин достонро ба даст биёварад, чунки:
Эй бародар, қисса чун паймонаест,
Маънӣ андар вай мисоли донаест.
Донаи маънӣ бигирад марди ақл,
Нангарад паймонаро гар гашт нақл.
Моҷарои булбулу гул гўш дор,
Гарчи гуфтӣ нест он ҷо ошкор.
Моҷарои шамъ бо парвона ту,
Бишнаву маънӣ гузин з-афсона ту.
Достони «Калила ва Димна»-ро шунидаӣ? Чӣ гуна Калила бе забон сухан мегуфт ва Димна бе баён мефаҳмид. Чӣ гуна Димна аз шер ба гов ва аз гов ба шер паём мебурд ва ҳар дуро мефирефт. Гов чӣ гуна вазири шер мешуд ва фил чаро аз дидани акси моҳ дар об ҳаросид. Агар даду дом ҳарфи якдигарро мефаҳмиданд.
Одамӣ аз куҷо медонад онҳо чӣ мегўянд? Булбулу гул бо шамъу парвона бо ҳам чӣ гуна розу ниёз мекунанд.
Албатта, инҳо ҳама аз тамсил аст. Касе, ки дубин аст, вақте дар осмон нигоҳ мекунад, ду моҳро мебинад ва агар ба ў мегўянд «моҳ якест», мегўяд, «дурўғ аст».
Агар ба шўхӣ ба ў бигўянд «моҳ дутост», мегўяд, ки рост мегўед! Вале, ба ростӣ, як моҳ дар осмон аст. Ҳама ҷо набояд ба зоҳир нигарист, ба маънӣ ҳам бояд таваҷҷуҳ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё