Аз пайи паланг

ҳавола кард. Саги пири таҷрибадор об нӯшида, саросемавор пораи нонро фурӯ бурду яке хатояшро фаҳмид. Чизе дар гулӯяш дармонд. Ҳис кард, ки ишкамкалон миёни нон сӯзан монда будааст.
... Инак, як ҳафта боз ҷонвар рӯи ҳавлӣ хоб аст, ҷон меканад. Забон надорад, ки ҳодисаи рухдодаро ба Ҷунайд фаҳмонад, нақл кунад. Дили саги бемор ҳоло ҳам ба соҳибаш месӯхт. Умуман, ба одамизод мехост ҳаргиз хиёнат накунад. Вале аз як чиз ҳайрон буд, намедонист, ки чаро одамон ин қадар бераҳманд, чаро носипосию гандагиро на танҳо нисбат ба худ, балки ба ҳайвонот ҳам раво мебинанд.
Нисфирӯзӣ ҳаво салқин гашт.
Ҷунайд ҳоло ҳам сари ҷонвари вафодорро сила мекарду афсӯс мехӯрд. Дар назди дарди бедавои саг нотавон буд. Сабаби бемории сагашро ҳеҷ намефаҳмид. Ӯ аз куҷо медонист, ки бахилию нотавонии одамизод оқибат ин ҳайвони безабонро низ ба марг мубтало намуд. Маҳз сагбозҳо ӯро бо ҳила сӯзан хӯронданд. Акнун саг соатҳои вопасини умрашро мегузаронад. Саги пир ҷои мурдан меҷуст. Вале бо ақли сагонааш қазоват кард, ки бояд аввал бо соҳибаш хайрбод гӯяд.
Ҷунайд низ бо саг меҳрубонӣ дошт, ӯ чун фарзандаш дилбардорӣ мекард, зора дошт. Аз саги пир бахшиш мепурсид.
Ҷунайд бо дили афгору бирён ва зору низор оҳиста нидо кард:
– Пиҳилат кардам, дӯсти вафодор.
Саги пир ин суханони соҳибашро фаҳмид, ки миннатдорона охирин маротиба ба Ҷунайд нигоҳи маъюсонае кард.
Ин нигоҳ баробари арзу сипос ғаму андӯҳу нигаронӣ аз одамизод дошт. Ҷунайд ба ин нигоҳи ҳайвон тоб наоварда, сарашро гунаҳгорона поин намуд.
Саги пир мехост аз хона берун, дур аз нигоҳи соҳибашу одамон роҳ кашад, вале поини ҳота якпаҳлӯ афтид, фукаш ба замин заду нафас дар гулӯяш дармонд. Ин дам чашмони ӯ кушодаву нигоҳаш сӯи дарвозаи соҳибаш буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё