Аз пайи паланг

Ӯ бо дили нохоҳам беихтиёр боз дохили сагбозор шуд. Дид, ки ду саги гушна байни якдигар афтударафт доранд. Сагҳо хеле ҷангида монда шудаанд. Онҳо ҳайвон бошанд ҳам, намехоҳанд хуни ҳамдигарро резанд, бераҳмиро бо ҳам раво бубинанд. Сагҳо ба якдигар нигоҳкунон аз ҷой намеҷунбиданд. Касе майли ҳуҷум надошт.
Вале боз ҳайҳуйи одамон, садои гир ва дор-дор онҳоро маҷбур кард, ки дуюмбора ба сари якдигар дарафтанд. Ин дам сагҳои бечора якдигарро мехостанд пора-пора кунанд.
Дилашон аз сагбозҳо монда буду акнун мехостанд худро ба ҳалокат расонанд ва аз ин ҳол халос шаванд. Тамошобинони бепарво бошанд, беист механдиданд, завқ мебурданд.
Як рӯз ҷонвар бо пои худаш аз қафои Ҷунайд сагбозор омад. Мардак аз рафтори саг хурсанд буду аммо инро ошкор намекард, балки шодона бо ҳамроҳии саги пираш дохили бозори сагҳо шуд. Саги пир даррав ҳамаашро дид, фаҳмид, ки ба ивази пул сагҳо якдигарро мехоянд, буғӣ мекунанд, хуни ҳамдигарро мерезанд. Ҷонвар нигоҳ карда дид, ки соҳибони онҳо, одамони беғам, давра нишаста, аз ҷанги сагҳо боз лаззат мебаранд...
Он рӯзи наҳс аввалин маротиба Ҷунайд саги пирашро ба майдон баровард. Саги пири таҷрибадор яку якбора чунон тез ба сари рақибаш ҳамла намуд, ки тамошобинон ҳайрон монданд. Ӯ аввал бо пеши бараш сагро зада, аз пой афтонду сипас гӯшашро ба дандон маҳкам газид. Баъди ғолибият Ҷунайд соҳиби 50 сомонӣ шуда, сагро таърифкунон хона овард...
Акнун охири ҳар ҳафта Ҷунайд бо саги пираш дар сагбозор буд. Аз ҳисоби ҳамин ҷонвар ризқу рӯзияшро пайдо мекард.
... Ҳафтаи гузашта сагбозор серодам буд. Ҷунайд саргарми пулҳисобкунӣ он қадар ба саг аҳамият намедод. Зеро нағз медонист, ки сагаш албатта ғалаба мекунад. Пир ҳам ки бошад, ҳар як саги калону гургмонандро дар як дам аз пой меафтонад. Вақте ки Ҷунайд дуртар, зери арчаи роҳрав пул мешумурд, саги пир гурусна монда буд. Ҳамин дам марди ишкамкалоне сагро об дода, пасон пораи нонеро сӯяш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё