Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тид. Мори кӯршуда ҷонҳавлона миёни сангҳо хазида, гум шуд.
Уқоб аз нияташ нагашта боз поён хамбид. Ҷуссаи бақуввату босалобати уқоб дар лонаи мор пайдо шуда, бо хашм тухмҳои майда-майдаи рангаро бо панҷаҳояш зада шикаст...
Даҳмарда то ин дам кабку бузҳои кӯҳиро бисёр сайд кардааст. Ҳатто дар ин кӯҳу дара ҷонварон аз пайи қадами шуми вай несту нобуд шуда, боқимонда ин манзилу маконро якумрӣ тарк кардаанд. Ва даҳмарда мондаасту подааш ва ҷару ҷангали холӣ. Аз бозе ки дар ин макон ҳайвонот қир шуданд, даҳмарда оромиву осоиш надорад, саломатияш ҳам он қадар хуб нест.
Шояд танҳоӣ дилгираш карда ки вақтҳои охир тарсончаку буздил шудааст. Аввалҳо на аз ҳайбати хирс парво дошту на аз хуки ёбоӣ. Кордаш болои равған, подаро ба ҳоли худаш монда фақат кораш шикор буду халос. Акнун мехоҳад шӯҳрати пештараашро барқарор созад, тарсу ҳаросро аз дилаш дур карда, боз домани шикорро сахт қапад...
Барои амалӣ намудани нияташ назди чанд мулло рафт, дуо гирифт, худоӣ, назру ниёз кард, нашуд. Хост боз табобат кунад, ки нохост сари мор ба хотираш расид. Дар ҷавонӣ шунида буд, ки сари мор мисли тӯмори балогардон хосияти шифоӣ дорад. Сари морро ҳам гӯё ҳамчун пӯсти мор агар тӯмор карда ҳамроҳат гардонӣ, ҳама корат бобарор мешудааст ва аз ҳама муҳимаш, нотарсӣ ёри кас мегаштааст. Даҳмарда аз морҳои заҳрдор мисли фишормору афъӣ, кубро сахт ҳарос дошт.
Танҳо мехост, ҳарчи тезтар ягон мори безаҳреро мисли чипору кӯрмор ба даст дарораду сарашро гирифта тӯмор кунад. Гумон дошт, ки он вақт албатта аз ин ташвишҳо халос мегардад.
Дами нисфирӯзӣ, дар ҳавои гарм атроф ба ҳукми хомӯшӣ афтод. Даҳмардаи одаткардаро боз хониши селаи кабкчӯҷаҳо ба худ овард. Хост то пайдо кардани мор ба шикори кабк машғул шавад...
Дид, ки дар баландӣ селаи кабкҳо қив-чувкунон бепарвоёна равуо доранд. Даҳмарда милтиқашро тайёр карда, зери бушолеро камингоҳ кард. Алафҳоро зери каш гирифта, қуланги милтиқашро кашида омода шуд.
Одатан дар ин мавсим кабкҳои башӯромада, дар сар ҳавои ишқу висол доранд. Кабкҳои нар ҷуфти худро пайдо карда,

пешина
аз 193
навбатӣ