Аз пайи паланг

якдигарро бо хонишу овози дилреши худ меҳрубонӣ, навозиш мекунанд. Аз қаҳ-қаҳи онҳо атроф ба базмгоҳ табдил меёбад, дигар кабкҳо низ дунболи онҳо нағмасароӣ мекунанд.
Даҳмарда интизор мешавад, ки кай онҳо наздик мешаванд. Ӯ медонад, ки кабкҳо масти ҳавои мушкбези кӯҳсоранду арбадакунон ба ҳамдигар минқор мезананд. Ин дам кабке аз паси буттаи худрӯй баромад. Даҳмарда нишон гирифта бехато кабкро паронд. Ҷисми пурхуни кабк, ки дар як пой ду пих дошт, дар пеши пои даҳмарда питирос мезад. Даҳмарда камонро як сӯ монда, кабкро пар канда, оташ гиронд...
Баъди хӯрокхӯрӣ ягон соати дигар интизор шудан лозим, албатта мор пайдо мешавад, аз дил гузаронд даҳмарда. То бегоҳ як илоҷ карда сари морро ёфтан лозим. Ӯ аз бекорӣ аз кисабағалаш қурутеро бароварда ба даҳон андохт. Шӯрии қурут даҳонашро мазза дод. Ӯ қурутро нашикаста бо ҳавас мемакид. Яке овози қирроси мор ба гӯш расид. Даҳмарда ҷонҳавлона аз пушти харсанг гузашт ва ба лаби гулҳавз нарасида чашмаш ба мори холдори нақшини дарозе афтид.
Даҳмарда аввал гаранг шуд. Сахт тарсид. Охир, ӯ намедонист кадом навъи мор дар пешаш истодааст. Фарқи ӯ накард, хаёл кард, ки мори чипорро вохӯрдааст. Агар чипор бошад, албатта безаҳр будагист. Вай пештар медонист, ки мори чипор дар тобистон пӯст мепартояду дар ҳамин моҳ ба худ ҷуфти муносиб меҷӯяд.
Хайр, ҳарчи бодо бод, ҳоло ки мор танҳо аст, онро парондан лозим, набошад ҷуфташ боз аз пасам мешавад...
Аз ҳамон рӯзе, ки даҳмарда соҳиби тӯмори сари мор шудааст, кораш дар ҳақиқат бобарор асту хеле шердил низ гаштааст.
Лекин даҳмарда шабҳои дароз азоби гӯр мекашад. Рӯзона ба ину он андармон шуда, чӣ хел гузаштани вақтро намефаҳмад. Вале акнун аз шаб, аз торикӣ сахт метарсад. Шаб ки шуд, хобаш мепарад. Боз ба ҷои овози кабк чирроси морро мешунавад. Қариб ҳар шаб мор хоб мебинад. Афту башараи хунуки морҳои ҳархела ба баданаш ларза меоранд.
Морҳо рақскунону бозикунон дар атрофаш ҳалқа зада чиррос мезананд. Даҳмарда аз чирроси морҳо тарсида аз хоб бе-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё