Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ӯро ба ҳалокат мерасонд. Вай босаброна, мушташро гиреҳ карда аз модакабк чашм намеканд. Аз нигоҳи хунполои кабк ба ҳарос омад. Паранда нигоҳи нафратборашро аз душманаш канда, зиракона ба чашма даромад. Об нахӯрд, худро ба тӯрхалта печонда дасту почак зад. Мехост тӯрро канда партояд. Кабк овози бадарде бароварда навҳа кард. Нолишкунон дар тӯр афтода ба оби чашма сарозер шуд. Модакабк аз тақдири бадаш нолида, ҳасрат дошт, ки касе нест, ӯро аз ин бало халос кунад. Пеши рӯяш чӯҷаи маҷрӯҳи бесоҳибаш менамуду фарёд мекард.
Ин манзараи мудҳишро ҳам парандагони ба ҳарос омадаву ҳам сайёди бетараҳҳум тамошо доштанд. Ногоҳ мардак ба худ омаду мисли девона ба сӯйи чашма давид. Шикорчӣ тани беҷони модакабку тӯри парешони ба болҳои модакабк часпидаро гирифта, шах шуд. Модакабк пару болаш рехта, нӯлаш шикаста ба як пораи гӯшт монанд гаштааст. Шикорчӣ дар умраш аввалин маротиба ба чунин ҳол гирифтор буд. Қадре фикр кард, баъд одам буданаш ба ёдаш расид ё аввалин маротиба аз рафтори пасташ шарм кард, ки номаълум бо панҷаҳои ларзон тӯрро як сӯ ҳаво дода, бо алам аз назди ҷисми хунолуди модакабк дур шуд...
Парандаҳои ташна парпарак зада, худро ба оби сарди чашма заданд. Бо ҳавас минқор ба об тар карда, то сер шудан нӯшиданд. Дуртар ҷисми беҷони модакабкро насими бегоҳӣ гӯё навозиш мекард. Андак онсӯтар паси сояи санге чӯҷаи маҷрӯҳ роҳи модарашро мепоид...

САРИ МОР

Дар талу пушта гулу гиёҳҳо, алафҳои худрӯй кайҳо зард гаштаанд. Ҳарчанд аз ҷониби қаторкӯҳҳо насими серуне ба атроф мевазад, вале ягон ҷонзоти ин гӯшаи фаромӯшшуда инро ҳис намекунад. Балки дар саросари водӣ гоҳ-гоҳе овози кабк ба гӯш мерасаду халос. Дар ҳаво бошад, бошае танбалона бол кушода, ба поён назар дорад. Дигар на хазандае ба чашм менамояду на ҷонваре.

пешина
аз 193
навбатӣ