Аз пайи паланг

роҳ ёфтани қадами номубораки шикорчӣ ҳамин модакабк аст.
Кабки пир аз ин муомилаи дурушти парандагон дар ҳайрату тааҷҷуб монд. Нигоҳашро аз таъқибу таҳдиди онҳо базӯр гурезонда ба атрофи чашма дурусттар чашм давонд. Дид, ки онсӯтари чашма, паси алафҳои худрӯй суроби шикорчӣ намудор аст. Ӯро зуд шинохт, душмани ашадии ӯву ҷонварон саросема ҷунбуҷӯл дошт. Сару рӯяш пурлой, либосҳояш чиркину олуда метофт. Модакабк фаҳмид, ки шикорчии бераҳм ба қасди ҷони кабк ба ин гӯшаи хилват омадааст...
Ана, барои чӣ ба ин макони ором низ наҳсӣ расиду парандагон безобита шуданд, хуни ин ҷонваракони бегуноҳ дар гардани ӯ мешавад. Чаро мани нодон аз аввал андеша накардам.
Фаҳмам ба ҳамин чизи одӣ нарасид. Надонистам, ки шикорчиён аз ҳайвонҳо ҳам бераҳмтаранд. Акнун ҷони ҳамаи парандагони ин мавзеъ низ дар хатар монд, фикр кард модакабк...
Шикорчии умрдидаву таҷрибадор то ин вақт ноаён назди чашма омада, атрофро хуб омӯхт. Аз омади кораш завқ бурда, болои чашмаро бо тӯри майда пӯшонд. Як сӯрохӣ боқӣ монду халос...
Дар ин қади дара низ шӯру қиём буд. Селаи гунҷишкакону кабкҳои даштӣ дар сари чашма ҷамъ шудаанду ҷураъти аз он обхӯрӣ надоранд, аз тарси шикорчӣ атрофи чашмаи бо алаф пӯшида кӯтоҳ-кӯтоҳ парида бо ҳарос пас меҷаҳанд.
... Шикорчии бераҳм, ки як умр гӯшти ҷонварони бегуноҳро хӯрдааст, ҳоло аз рафтори парандагон дар ҳайрат буд. Ӯ, ки милтиқаш тир надошт, мехост бо ёрии тӯр селаи кабкҳои сари чашмаро дошта гирад. Ҳоло тааҷҷубаш меафзуд, ба рафтори парандагон нигариста, ангушти ҳайрат мегазид. Чаро онҳо ба чашма обхӯрӣ намераванд? Чаро мисли пештара бепарво сурудхонон об намехӯранд? Чаро парешону хаста ба чашма наздик мешаванду боз қафо гашта фирор менамоянд? Ё ки онҳо низ мисли инсон фикру андеша мекунанд, аузубиллоҳ, не.
Модакабк ин аҳволро хуб мулоҳиза кард, донист, ки ташнагӣ ин парандаҳоро низ мисли чӯҷаҳои вай ба ҳалокат мерсонад. Модакабк дар худ ҷасорат ҳис карда, нотарсона парида назди чашма омад. Аввал хуб ба чеҳраи шикорчӣ зеҳн монд. Якдигарро шинохтанд. Агар шикорчӣ тир медошт, ҳоло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё