Аз пайи паланг

Валии зард фарёд мезад: – Занед ин саги девонаро, бо кучукҳояш ҳама ҷоро ҳаром кардааст, сангсораш кунед, ҳа, бале, бачаҳо!
Ӯ хурсанд буд, ки бачаҳо ба гуфтааш амал мекунанд. Модасаг гуфтаҳои душмани ҷонашро мешунид, илоҷи воқеа меҷуст, аммо бефоида буд. Фақат медавиду бо ҳасрат ашк мерехт, медавиду аз ҷигар нолаи бадард мекашид...
ҶУФТИ ПАРАСТУ
Ҷуфти парасту омадани баҳорро хеле пазмон шуданд. Вале шамолу барфбоди рӯзҳои охир дили онҳоро тангу ғамгин кард.
Парастуи модина ҷуссаи хурдакакашро лӯнда карда, базӯр қанотак зад. Ҳавои хунук асараш кард, ки оҳиста паҳлӯи парастуи нарина омада нишаст. Якдигарро таги бол намуда, ғанаб рафтанд, аммо хоб аз куҷо? Парастуи нарина аз тани гарми ёраш ҳаловат бурда ҷафстар шуд. Бо минқор болҳои ҷуфташро ба тартиб овард. Аз борони сел шоху панҷаи гулу буттаҳои навмуғчабаста пуроб гашта, насими баҳорӣ навдаҳои тарро алвонҷ медод. Парастуи модина дигар хунукиро ҳис накард, ӯ чашмони сиёҳашро пӯшида таги тефи пуштибонаш дурусттар паноҳ бурд. Ӯ ҷониби кӯҳсорон чашм дӯхта, аз дил гузаронд:
«албатта пагоҳ гарм хоҳад шуд. Охир, баҳор омадааст, наход айёми сардиҳо ба дили зимистон назада бошад? Кӣ медонад, шояд зимистон қасди баҳори нозанин дорад?»
Ин дам боз шасти хунукӣ афзуд. Шамолу тундбоди сабуке ба боғистони болои деҳаҳои кӯҳӣ ҳамлавар гашт. Шамол хаёле охирин нафасҳои зимистонро дар шонаи гулу буттаҳо шинондан хост. Дар як дам гулҳои зебои зардолуи чатри сафед ба сар кашида ба замин рехтанд. Шохҳои пургули себи хубонӣ ҳам урён гашт. Ноилоҷ ҷуфти парасту дар таги баргҳои паҳни чанори пир ҷойгир шуданд. Дигар онҳоро шамоли дайду кордор нашуд. Парастуро гулу муғчаи нав шукуфтаю ба замин рехта сахт ғамгин кард. Ӯ аз ин муносибати бераҳмонаи табиат тааҷҷуб дошт.
Оҳ, онҳо имсол чӣ қадар баҳорро интизорӣ доштанд! Охир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё