Аз пайи паланг

мо – парастуҳо бе баҳор ҳеҷем. Баҳор аст, ки мо зинда ҳастем.
Яке боду борон монду боз офтоб баромад. Осмони деҳа софу беғубор гашт. Парасту дид, ки селаи гунҷишкон аз порисае парида, болои буттаҳои нав муғчабаста нишастанд. Аз ин манзараи дилфиреб дили парасту таҳ кашид, хурсанд шуд, ки гармӣ хамбид.
Парастуи модина аз таги тефи ёраш берун шуда, аввал болафшонӣ кард. Аз шохе ба шохи дигар парида овоз баровард. Шодӣ кард, болҳояшро дар ҳавои кушод васеъ кушод, ба тану ҷонаш гармӣ давид, баъди парвозҳои дур аз кишвари ҳамсоя аз нав ҷисми заифаш қувват гирифт. Тамошои боғу роғ, сабзаҳои навруста завқашро бедор кард, шукр дошт, ки боз ба диёри сабзаҳо расид. Худо хоҳад, баҳор ин ҷо мемонаду лонаи порсолаашро аз нав обод мекунад. Ин дам парастуро баҳори гузашта, азоби лонасозиаш ба хотир омаду дилаш яке хиҷил гашт. Бошаст парида, болои шохчаи зардолу нишаст.
Парастуи нарина, ки хеле рамузфаҳм аст, даррав ҳис кард, ки дӯсташ хафаву малул аст…
– Чаро дар як дам авзоат дигар шуд? Аз чӣ хавотирӣ?
Парастуи модина аввал чизе нагуфт. Балки бо дидаи аламдору хаста ёрашро навозиш карда аз дил гузаронд: «охир, чанд маротиба гуфтам, ки биё, ин диёрро аз ёдат барор! Ҳарчанд мулки сабзу хуррам ва дилкаш асту боғу роғҳои васеъ дорад, вале лонасозӣ мушкил аст. Охир, лонаамон боз вайрон нашавад!» Парастуи наринаро хомӯшии маҳбубааш бетоқат кард. Ӯ гирди зардолу давр зада паҳлӯяш нишаст.
Бо минқораш парастуро навозишкунон боз пурсид:
– Чӣ хомӯшӣ? Гап зан охир! Чунин боду ҳавои мушкбез барои сайругашту ишқварзист. Аммо ту хомӯшиву хаста.
Парастуи модина нигоҳи маъюсонаашро аз атроф канда гуфт:
– Охир, дар он хонаи порсола чӣ хел лонаамонро таъмир мекунем? Аз соҳибаш тарс дорам.
Ин суханони ошно парастуро яке ҳушёр карданд, дарк кард, ки манзили кӯҳнаро обод кардан, албатта, душвор нест, вале муомилаи соҳиби ҳавлӣ пеши рӯяш омад. Он сол ӯ ду маротиба лонаи парастуҳоро вайрон карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё