Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фодораш бедор шуда ба тани арақшори ӯ бо ҳасрат менигарист. Қанори Валии зардро шинохта, дилаш реш-реш мешуд.
Кафи даст ба пешонӣ мезад. Ба саг мефаҳмонд, ки ҳамааш бефоида аст. Валии зард – хеши раиси колхоз. Аздусар ӯ дуздиашро мекунад. Мӯйсафед бо дили нохоҳам даст афшонда, дохили кулба мешуд. Гумон мекард, ки саг намефаҳмад. Вале модасаг ҳамаашро мефаҳмид ва аз раъяш гаштанӣ набуд ва шабе ба сараш балои азиме омад...
Он шаби наҳс ӯ ҳамроҳи бачааш – сагчаи пурпашм аз дунболи коҳдузд сур карданд. Валии зард қанорро аз девор гузаронида бозгашт ва ба сари сагча ҳамла намуд. Доси тез ба тани нозуки сагча бархӯрд. Садои имдодталабонаи ӯ ба гӯши саги пир ҷонхарош расид. Саги пир бо як хез аз болои Валии зард ҷаҳида, ба гулӯяш ханҷол зад. Мехост корашро ҷо ба ҷо тамом кунад. Валии зард бо сару рӯи хуншор илоҷи халосӣ меҷуст.
Вале модасаг дастонашро мегазид, куртаашро даронда дандонҳояшро ба хирнои ӯ наздик мебурд. Валии зард беҳолу бемадор шуд, нолишкунон ноилоҷ мӯйсафедро ба ёрӣ даъват кард. Мӯйсафед ба ин манзара нигоҳ карда фаҳмид, ки саг аз раъяш гаштанӣ нест, қасос мегирад. Ва сагашро наздаш хонд:
– Сиёҳак, сар деҳ, нарас!!!
Саг баъди садоҳои беисти соҳибаш аз шаст гашт. Худаш ҳам нафаҳмид, ки чӣ тавр гулӯи душмани ҷониашро раҳо кард.
Валии зард аз ҷой бархоста гоҳ ба мӯйсафед менигаристу гоҳ ба саги пир ва гоҳе ба кучуки бо дос задааш, ки дуртар мехобид. Бо либосҳои даридаву лабу даҳони пурхун Валии зард таҳдидкунон аз дарвоза берун шуд. Модасаг то саҳар барои тифлаш нӯла кашид ва саҳаргоҳон тарки посбонии фермаю соҳибаш кард.
Модасаг баъди чанде боз дар назди ферма пайдо шуд. Бо ҳарос ба атроф менигарист. Дар ин асно нигоҳи каҷи Валии зард ба модасаг афтод. Душмани деринаашро дид. Бачаҳои гузарро ба муқобили саг ба по хезонд. Онҳо ба чизе сарфаҳм нарафта, яке санг, дигаре кулӯх, сеюмӣ оҳане дар даст модасагро сур карданд. Модасаги пир аз ҳавли ҷон медавид, забонаш хушк мешуд, дилаш мезад, кучукҳояш ӯро нигарон буданд...

пешина
аз 193
навбатӣ