Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЗОҒИ КӮҲӢ

Шодии дидан ва фаҳмидан волотарин ҳадяи табиат аст.
А.Эйнштейн

Зоғи кӯҳӣ парвозкунон болои талу теппаҳои на он қадар баланд давр мезад. Бол мекушоду ба атроф синчакорона нигоҳ мекард. Гуруснагӣ азобаш медод. Бисёр мехост, ки тӯъмаи ночизе, ақаллан лошаи гунҷишкеро пайдо намояд.
Аммо ҳайҳот, дар ин пастиву баландиҳо чизе ба назар намерасид. Зоғи кӯҳӣ парвоз мекарду ҳушу ёдаш ба гузашта банд буд. Гушнагӣ ба хотираш давраи сериву пуриашро меовард.
Охир, ӯ зоғи кӯҳист. Парандае, ки аз зоғи деҳоту иқлими гарм тамоман фарқ мекунад. Зоғи кӯҳӣ замоне ҳокими мутлақи ин дашту даман буд. Зоғи кӯҳиро зиндагӣ, ҳаёти вазнини кӯҳистон ва ҷангу ҷидолҳои миёни ҷонварон маҷбур кард, ки хеле барвақт бо гург ошно шавад. Зеро медонист, ки бо кӯмаки чанголҳои тези гург метавонад соҳиби тӯъмаи муфт шавад. Ва ӯ бо гургони кӯҳистони ин ҷо зуд дӯстӣ пайдо кард: гургошно шуд. Зоғи кӯҳӣ дар фазои ин дара парвоз намуда, атрофро зиракона назар мекард: ҳамин ки нигоҳаш ба рамаи гӯсфандон ё чарогоҳи гӯсфандон меафтид, дарҳол гургро хабар мекард.
Оҳ, чӣ қадар гурги зӯру боқувват буд, гурге, ки зоғ маҳалли зисти гӯсфандонро ба ӯ нишон медод. Вай ҳамроҳи гургони маст зӯзакашон ба рама дарафтода, гӯсфандонро бо шаст рабуда мерафт. Баъд ҳамон гурги нотарс зоғро ба «зиёфат» таклиф мекард. Зоғ пасмондаи онҳоро нӯл зада ҳаловат мебурд.
Зоғи кӯҳӣ солиёни зиёде ба воситаи гургон ризқу рӯзиашро меёфт. Доим кӯшиш мекард, ки ҳар ҳафта барои шикори гургон маҳалли зисти чӯпону гӯсфандонро муайян созад. Вале вақт ноаён мегузашт ва рафта-рафта чӯпонҳо ин тарафҳо камтар меомадагӣ шуданд. Зоғ ҳам пир шуд ва бисёр ёварони худ– гургҳои нотарсро аз даст дод. Акнун ин тарафи кӯҳистон дар назар харобу валангор менамуд. Аввалҳо чӯпонҳо, ки бо аҳли

пешина
аз 193
навбатӣ