Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёр мехостам сангҳои чашмаи бобоиро аз нав чида атрофашро ба тартиб оварам, ки садои таҳлукаомези парандаҳо маро ба сӯи худ мутаваҷҷеҳ сохт.
Аз сари чашма болотар баромада ба манзараи аҷибе дучор шудам. Селаи гунҷишкон чириқ-чириқкунон болои море парвоз доштанд. Мор ҷои рустшавӣ мекофт. Аммо намедонист куҷо хазад. Аз қивучуви селаи парандаҳо сари калобаашро гум карда буд. Фашшосзанон ғел мехӯрд. Гунҷишкакон гоҳе поёнтар фуромада ба ӯ ҳуҷум кардан мехостанд.
Фаҳмидам, ки ин мори боҳтур аст, яъне заҳрдору газанда нест. Аслан боҳтур ҳам мор аст, морест, ки тамоми баданашро холчаҳои хокистарӣ фаро гирифтаанд. Боҳтур чун дигар морон тезҳаракат нест, балки оҳиста-оҳиста ва хазида-хазида пеш меравад. Ӯ танҳо ҳашароти зараррасонро мехӯраду халос. Намуди зоҳирии боҳтур, дарозию ғафсии вай ба дили кас ваҳм меандозад. Шахси аввалин бор бо боҳтур дучоршуда сахт тарсиданаш мумкин аст.
Аммо боҳтур бо ин ҳайбаташ базӯр ва беозор аз ҳуҷуми парандагон халос хӯрда, ба сўрохие хазида пинҳон шуд. Вақте чашмони кӯри мори боҳтурро пеши назар оварда, худ ба худ ба хаёл мерафтам, аз нав ғавғои парандагон баланд шуд. Ин дафъа селаи гунҷишкон аз ҳад беқарору безобита мешуданд.
Гӯё ба лонаи онҳо оташ афтода бошад, бо тамоми овоз фарёду фиғон мебардоштанд. Дурусттар назар кардам, ки таҳлукаи парандаҳо беҳуда набудааст. Акнун як мори чипоре чӯҷаи гунҷишкакеро ба даҳон гирифта, оҳиста-оҳиста фурӯ мебурду боз чашмашро аз лонаи гунҷишкони дигар намеканд. Ӯ чун мори боҳтур бафурҷаю ором набуд, балки бо як ҳаракати ҳайратовар, дар як мижа задан худро ба лонаи дигар расонд.
Ду-се гунҷишкаки нав аз тухм баромадаро дар як дам фурӯ бурда, сипас бо хотири ҷамъ аз онҳо дур шуд…
Парандагон ҳамчунон фиғон доштанд… Аммо мани ҳайратзада ин гуна тазодҳои табиатро дар як вақт бо чашмони худ дида, хеле вақт ангушти ҳайрат мегазидам, ки чаро яке бошафқату беозор, дигаре бераҳму хунхор… Бале, чаро?

пешина
аз 193
навбатӣ