Аз пайи паланг

БОҲТУР
Табиат барои некӯкор шудан имконият медиҳад. Ин имконият ба туфайли фаъолияти инсон воқеӣ мегардад.
Форобӣ
Бомдодон дар ҳавои кӯҳистон сайр кардан кайфияте дорад: хосса, айёми баҳорон талу теппаҳои сабзранги деҳаи Сурхсаховаро дида, дил аз шодиву фараҳ лабрез мегардад.
Ба атроф назар мекуниву аз нодиракориҳои табиати фусункор ангушти ҳайрат мегазӣ. Аз миёни долу дарахтони қадқади роҳ пуштаҳои пурлола мисли машъали дурахшон ба назар метобанд.
Баробари дамидани офтоб гулу себаргаҳои шаби дароз аз оби борон сершуда бо ишваву ноз сар боло мекунанд. Боди мулоим ҳанӯз сардакак тани нозуки онҳоро навозиш мекунад.
Аз миёни сабзазорон мегузарам. Баробари шарфаи по ва хишир-хишири сабзаҳои навдамида, гоҳ-гоҳе селаи гунҷишкон ба ҳаво болои сар парида муддате чархзанон болову поён мешаванд. Аммо селаи кабкон худро нишон намедиҳанд. Аз хавфе пай бурда худро дарҳол зери баргу пояи бутта, ё алафҳо пинҳон мекунанд. Онҳоро аз байни алафҳо пайдо кардан душвор аст.
Баъди хеле тамошо қадамзанон назди чашма меоям. Оби чашма андаке хушкида, атрофи он коҳидааст. Шояд замоне онро устои гулдасте бунёд карда бошад, то мусофире ташнагияшро шиканад. Лекин баъди солиёни дароз чашма намуди пештараашро қариб аз даст додааст. Новаи шикаста ва сангҳои паҳну парешони чашма гувоҳи он буданд, ки чанд соли охир касе аз ҳоли он хабар нагирифтааст:
Ток аз бекасӣ бар шохи чинор,
Гӯӣ тарсидаву дарпечида.
Чашмаи деҳ зи ғами танҳоӣ,
Рӯзу шаб гирякунон хушкида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё