Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мекарданд. Ӯ боз зери дандонҳояшро бо сихе мекофту даруннокӣ завқ мебурд.
– Эъ, Саид, паъат, ҳамаша гир, ҳами сари зормундааш ҳам ай ту. Дар ку... бизанашу...
Саид, ин марди қоқинаи дароз, хаёле аламаш кард, сахт ранҷид, вале аз тарс овозашро баланд накард, сир бой надод...
Ҷӯраҳо хуб хандиданд ва садои хандаи берабту хунуки онҳо боз ба атроф паҳн гашт. Марди сурхинаи шикамкалон, ки акнун номаш аниқ – Азиз-бойбача буд, шикамашро базӯр хорида-хорида яке чизе ба ёдаш расидагӣ барин, гӯё кашфиёти нодире карда бошад, ки аз ҷояш хез зада бо такаббур ба ёронаш муроҷиат кард:
– Ҷӯраҳо, медонед чӣ. Соати соҳиби пулу мол шуданамон аниқ омадааст, бовар кунед, рӯзе мерасад, ки ҳамаи мо соҳиби тилои бисёре мешавем. Чаро инро ман пештар ба хотир наовардам-а...
Нигоҳи суоломези дӯстон ба ӯ дӯхта шуд. –... Бобои маро, ки чор сол пеш аз дунё гузашта буд, ҳама Тӯхта-босмачӣ мегуфтанд. Бобом пеш аз мурдан дар бораи ана ҳамин кӯҳу пуштаи Сурхов нақл карда гуфта буд, ки замоне дар ин ҷойҳо дар як ғор як бағал тиловориро руст карда будааст. Давраи аввали ҳукумати шӯравӣ.
... Тӯхтаро омад-омади урус сахт ба ташвиш оварда буд.
Деҳаро аз Афғонистон танҳо дарёи Панҷ ҷудо мекарду халос.
Дар соҳили муқобил, ки хеле ба деҳа наздик буд, ҳар рӯз мардуми бисёре машғули тилокобӣ буданд. Ӯ ба онҳо менигарист бо ҳавас. Ҳис мекард, ки рӯз ба рӯз гирифтори орзуҳои нав мегардад. Аз он сӯи дарё шабе ду-се нафар меҳмони хонадони онҳо шуданд. Тӯхта бо имои падар обдастаро гирифта дохили меҳмонхона шуд. Ӯ аввал чизеро пайхас накард. Меҳмони якум, ки марди хушсурати афғон буд, дастонашро шуста табассуми ширине кард. Ҳини ба меҳмони дуюм наздик шудан қариб буд, ки обдаста аз дасти Тӯхта биафтад. Ӯ дид, ки миёни меҳмонҳо, болои кӯрпача пури тиловор аст. Лаҳзае чанд ба тило чашм дӯхту халос. Ҳине ки барои меҳмонҳо хӯроку чой оварданд, Тӯхта аз хона берун шуд.
Аммо ӯ аз меҳмонхона дур нарафт. Қалбаш беқарор гашт.

пешина
аз 193
навбатӣ