Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

наш – кӯҳсор баргардад. Ӯ акнун аз одамизод сахт дар тарсу ҳарос буд. Мефаҳмид, ки онҳо дар майнаҳои худ фикрҳои дигари даҳшатбореро ҷой мекарданд. Нав аз болои деҳа дур мешуд, ки яке чашмаш ба хоначаи канори рӯд афтод. Ба хотир овард, ки ду-се ҳафта боз гурӯҳи одамон ин ҷо хайма задаанду замину домони кӯҳро шикофта, баъд болооби онро тоза мекунанд. Ду-се нафари дигар аз миёни регзор чизе меҷустанд.
Алибоҷ ҳиҷ дар майнааш ғунҷонда наметавонист, ки онҳо тило мекобанд. Пештар ин хел иҷозат набуд. Вале акнун ҳаст. Ва гурӯҳе ин ҷоро интихоб карда бепарвоёна тило меҷӯянд.
Алибоҷ ба дастгоҳе, ки садои баланд бароварда обро ба сӯе мепартофт, хеле нигоҳ кард. Дид, ки се-чор нафари дигар дуртар аз зери об сангу регҳоро кофта коҳилона аз симтӯр мегузаронанд.
... Дар паҳлӯи одамон шишаҳои холии арақу консерв титу парешон мехобиданд. Ӯ дуртар сари буридаи бузи кӯҳиеро диду ба танаш ларза омад.
... Алибоҷ ба ёд овард, ки чӣ тавр дирӯз ҳамин бузи кӯҳӣ, ки охирин намояндаи ин ҷинс буд, дар сари чашма об мехӯрд. Об мехӯрду аз тарс ба чор тараф нигоҳ мекард. Бузи кӯҳӣ дар ҳасрати бачаҳошу ёрони тӯъмаи шикорчиёни худонотарсашон хеле харобу лоғар шуда буд. Аз бузи кӯҳие, ки чанд рӯз пештар хиромон роҳ мегашту зеби ин дашту дара буд, акнун танҳо пӯсту устухон ва сараш бо ду шохи калони камоншакл боқӣ монда буду халос...
Ин дам байни тилоҷӯён шӯру валвалаи сахте хест. Марди сурхинаи ишкамкалон дасташро аз табақи гӯшт гирифта, пиёлаи арақро дар як мижа задан фурӯ бурду ба ҳамроҳонаш бо виқор рӯй оварда гуфт:
– Ҷӯраҳо, то охири тобистон ҳамин ҷо меистем-а! Кайф дар ин ҷо, мо ҳам тило кор мекунему ҳам шикор, ҳам кайфу сафо...
курорташ ҳамин-да... Ҳӣ, – ҳӣ, – ҳӣ, – ҳӣ...
– Ҳой, Азиз-бойбача, агар иҷозат бошад ман ҳамин пӯсти оҳуро Душанбе, хонаам барам, майлаш?!
Марди сурхина, ки аз зарби арақ чашмонаш базӯр метофтанд, як китфак зада боз баланд қоҳ-коҳ хандид. Ҳини ханда дандонҳои зарду бенураш намудор гашта, дили касро беҳузур

пешина
аз 193
навбатӣ