Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сӯи деҳа – манзили одамон рафтан надошт. Солҳои охир дили ӯ аз инсоният, мардуми деҳа сахт монд. Алибоҷ дар майнаи кӯчаки худ ҳеҷ ғунҷонда наметавонист, ки чаро одам то ба ин дарача паст фаромадааст. Охир, чанд сол пеш онҳо чашмаҳоро обод мекарданду дарахт мешинонданд ё фасли зимистон ба парандаю чаранда обу нон медоданд. Аммо ҳоло чӣ? Баръакс, аз дасти ҳамин одамизод на ҳайвон ҳол дораду на парандаи кӯҳистон...
Алибоҷ акнун аз парвози дуру дароз гӯё монда намешуд, балки фикри айём, вайрониҳои атроф ӯро сахт монда карда буд. Ӯро ношукриҳои фарзанди одам ба ҳайрат овардааст.
Алибоҷ пештар ин хел фикр надошт. Он замон вай ба талошу корҳои неки мардуми ин деҳи кӯчак нигариста ифтихор мекард. Медид, ки чӣ тавр атроф хурраму обод мешавад, гову мол серу пур, ҳатто сагҳои деҳаро фукашон чухт буд, зеро бо шиками сер мегаштанд. Ҳоло чӣ? Деҳа хароб, киштзорҳои атроф поймолу валангор ва парандагони хушбол дар қафасу боқимондаашон гушна...
Аммо ин дафъа ноилоҷ монд. Гушнагӣ, бекасӣ, азоби танҳоӣ, яъсу ноумедӣ ӯро боз болои деҳа бурд. Акнун ӯ болои деҳае, ки пештар тез-тез он ҷо пайдо мешуду ҳар гирду гӯшаашро нағз омӯхта буд, бегонавор сайр мекард. Мисли парандаҳои навомӯхт бо ҳайрату тааҷҷуб поён нигоҳ мекарду даҳонаш воз мемонд.
... Ҷои биноҳо, мағозаҳои пур тамошогоҳи холии бачаҳои оворагард буду ду-се бачаи аз дуди сигор масту махмуршуда.
... Ин алаф чӣ бошад, ки ба онҳо ин қадар писанд аст.
Бачаҳо бо навбат сигор мекашиданд. Дуртар мӯйсафеди қоматхамидае дар осиёб орд мекард. Ӯ базӯр халтаи гандумро ба дӯли осиёб мерехту арақи сару рӯяшро бо ҳасрат пок мекард...
Алибоҷ аробаҳои холии дасти одамонро медиду мошинҳои вайронро, аз фермаи як вақтҳо ободи деҳа нишоне намонда буд. Як вақтҳо алибоҷ аз ҳамин ферма ҳам ризқу рӯзиашро меёфт. Ҳоло ферма холӣ буду дару тирезааш канда, шикастаю вайрон...
Алибоҷ ҳамаи инро диду бо қалби шикаста хост ба мако-

пешина
аз 193
навбатӣ