Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хаёле нафасаш мегирифт. Ҳатто ҳис накард, ки чӣ тавр ба тиреза наздик шуда ба овози меҳмонҳо гӯш андохт.
– Алибой, мегум тарафҳои шумо нотинҷ шуд-да...
– Ҳа, бале. Ана, аскарҳои сурх аллакай ба қишлоқи ҳамсоя омадаанд. Замина ба пойлучҳо тақсим карда каттагарӣ карда гаштаанд.
Алибой нигоҳи маккоронаашро аз меҳмонҳо наканда суханашро давом дод:
– Пагоҳ ё пасфардо мебинӣ, ки урусҳо ба деҳаи мо ҳам медароянд. Ҳукуматшона барқарор мекунанд...
– Алибой, мо одами худӣ гуфта наздат омадем. Як бало карда ёрдам кун, одамота ёфта назди одамҳои мо фиристон.
Барои ҷангидан ба муқобили сурхҳо яроқ лозим. Ин тилоҳо басандаанд, ки мо соҳиби яроқу аслиҳаи нав шавем.
Тӯхта аз паси тиреза бошад ҳам, ҳамаашро мешунид. Дилаш беқарор гашт. Ҳушу ёдашро тило батамом бурда буд. Ӯ ҳис мекард, ки падараш ҳам бекор нанишастааст. Тӯхта ҷавон ҳам бошад, хислату хӯи падарашро нағз омӯхта буд. Ӯ аллакай пайхас карда буд, ки падараш пинҳонӣ чӣ ҳилаву найрангеро ба кор бурданӣ аст. Худо медонад, ки боз ӯ чӣ даҳшатеро ба нақша гирифтааст...
Тахмину гумонҳои Тӯхта рост баромаданд.
... Нисфишабӣ падару писар меҳмонҳоро дар хоби ғафлат пахш карда, бераҳмона куштанду осонакак соҳиби тангаву тилои бисёре шуданд...
Баъди аз весилка, аз Сибир баргаштан Тӯхта ҷои тилорусткардаашро дигар наёфт. Ғаму кулфати тилоҳояшро бо худ ба гӯр бурд...
Оқибат раги авлодӣ кашид, ки Азиз-бойбача ҳам тилоков шуд. Вале Азиз ҳаргиз намехост, ки саргузашти бобояш – Тӯхта-босмачиро ба хотир биёрад. Ва ӯ ҳиҷ бовар надошт, ки ин мавзеъ ҷои наҳсу бехосият бошад.
... Ва ӯ аз дами нақли бобояшро ба ёд овардан оромиашро аз даст дода буд. Дастгоҳҳои коркарди тило беист кор мекарданд.
Лекин ин садову корҳои рафиқонашро гӯё намешуниду намедид, ҳушу ёдаш тамоман ба хазинаи тилои куҷое пинҳон кардаи бобояш банд буд.

пешина
аз 193
навбатӣ