Аз пайи паланг

Искандаркӯл омадам. Акнун кӯл оҳиста-оҳиста лаппиш хӯрда, дар миёни кӯҳҳо чун рафидаи нонпазӣ ҷило медод. Сояи ниҳолакон дар об акс гардида, ба дили кас ваҳм меандохт.
Аммо мани пакару ҳайратзада чизеро намедидам, ҳушу ёдам ба аспи Искандар банд буд. Оби кӯл мавҷ зада, хаёлам, нолиш дошт. Асрори кӯл амсоли афсонаи ширине рӯъё дошт. Боз овозе оҳиставу дилфигор аз қаъри кӯл баланд шуд.
Яке оби ороми кӯл ба хурӯш омад. Мисле ки заминҷунбӣ бошад, Искандаркӯл фиғон дошт. Об сар ба сангҳо заду шиҳаи асп баландтар гашт. Аспи Искандари Мақдунӣ обро дударон карда, аз поёнтар боло баромада, худро ба соҳил расонд. Аспи зебои ёлдор пойкӯбон худашро меафшонд. Ӯ сарашро ҷунбонда шиҳае кашид, ки гӯё аксаш дар кӯҳҳо пош хӯрд.
Ҷонвар бо шӯру исён ду-се бор чорпоя истод, ҷуфтак зада, фук ба замин монд. Баъд хез карда пеш давид, аз зери сумаш хаёле пораҳои замин ба ҳаво париданд. Аҷабо, чаро овози ӯро касе намешунавад ё ман дар хоб ин ҳолатро мебинам. Чашмонамро молидам, гӯшамро кашидам, не дар хоб не, бедорӣ буду канори соҳили Искандаркӯли пурасрор...
Асп аз пайраҳаи кӯҳӣ гузашта, хеле боло баромад. Акнун асп аз болои қулла бо ҳавас ба атроф нигоҳ мекард, ёлу дум меҷунбонд. Ӯ чизеро меҷуст, ки кӯлро хеле назорат кард. Баъд нигоҳи пурҳасраташро ботамом аз об канда, шиҳаи бадарде кашида, поин хамбид, гӯё ӯ боз соҳибаш Искандари Мақдуниро пайдо накард, ки худро ба қаъри об андохт. Дар як лаҳза ҷонвар нопадид гашт...
Саҳарӣ ин ҳодисаро ба ҳамроҳонам нақл кардам, касе бовар надошт. Ба ҷуз ҳамон мӯйсафеди дарбон. Мӯйсафед табассуми ноаёне карда, рамуздорона гуфт:
– Бачам, ин сирру асрора ба ҷуз Худо дигаре намедонад.
Лекин ба шиҳаи аспи Искандар бовар кардан даркор...
Даме ки аз Искандаркӯл дур мешудем, бачаҳо аз ҳар боб сӯҳбат доштанд. Дигар касе дар бораи ин кӯли пурасрор чизе намегуфт. Аммо дар гӯши ман боз садои шинос ҷарангос мезад, ин садои шиҳаи аспи Искандар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё