Аз пайи паланг

БАЙТАЛ
Дар бораи аспҳо бисёр чизҳоро медонистам хонда будам, ки байтал хислату зиндагии наҷибе дорад. Лекин аз наздик дар кӯҳистони дурдаст бо галаи аспҳо дучор шудам. Дар ин фасли зебои сол – баҳори нозанин, ки айёми зоидани байтал мебошад, галаи аспҳо беист шиҳа кашида, байталеро миёнагир доштанд. Аспҳо бо навбат сару гардани байталро лесида намегузоштанд, ки байтал танҳо монад. Байтали бордор низ безобита буд. Шиҳакашон болову поён мешуд. Худашро тилтонда беқарорӣ мекард.
Баъди чанд соате байтал таваллуд карду аспҳои доя аз вай дур шуданд. Куррачаи нав ба дунё омадаро байтал мелесид.
Байтал ҳар замон ба замин пой кӯфта бо қаҳру ситеза шиҳа мекашид. Ҷонзотеро наздики ҷигарбандаш намемонд...
Тойча базӯр синаи байталро ёфта, ба серӣ макиду дар назди модар дароз кашид. Тойча акнун хоб буд...
Танҳо баъди як рӯз дидам, ки тойча ҷастухезкунон рӯи сабзаҳо медавид.
Пайдо шудани тойча ҳамаи галаи аспҳоро хурсанд намудааст. Акнун аспҳои рамузфаҳм тойчаро иҳота карда завқ мебаранд. Онро навозиш карда, аз пазируфта шуданаш ба гала шоду мамнун мегарданд.
Тойча акнун узви ҳамин гала гардид, нашъаи озодиро чашид, ки думашро хода карда медавид...
ПАРАСТУҲОИ СУРУШ
Сурушҷони майдаяк фасли баҳорро дӯст дошт. Хурсанд шуд, ки айёми гулу лола аввалин маротиба бо селаи парастуҳо ошноӣ пайдо кард. Ин парандаҳои зебо болои хонаи Сурушино чарх зада поёнро хеле тамошо карданд.
Сурушҷон ҳайрон-ҳайрон ба онҳо нигоҳ мекард, болзанӣ, сайру гашти парандаҳо ӯро ба тааҷҷуб овард. Нафаҳмид, ки онҳо барои лонасозӣ ҷоеро ҷустуҷӯ доранд. Ду фароштурук

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё