Аз пайи паланг

ба хотири вай на гову молаш мерасиду на рӯзгораш, ҳушу ёдаш ҳамоно ба пирсаг банд буд.
Саги пир охирин маротиба нигоҳи хастаҳолонаашро ба дарвоза дӯхта хост аз ҷояш нимхез шавад. Натавониста, нохост якпаҳлӯ афтод. Пирамард аз дарду алам базӯр худашро нигоҳ дошт. Нахост, ки ашки чашмашро дигарҳо бинанд…
САЙЁД
Аввалҳо ҳамдеҳаамон Шодисайёдро дӯст медоштам. Ҳамин ки ин шикорчии ҷасур ба мо – бачаҳо, наздик мешуд, хурсандию шодии ҳамсабақон боло мехест. Сайёд аҷаб нақлу саргузаштҳое мекард, ки мо ҳафтаҳои дароз онро муҳокима мекардем.
Маълум буд, ки Шодиамак дӯстдори табиат, набототу ҳайвонот мебошад. Соатҳои дароз дар бораи кӯҳу камар, набототу ҳайвонот нақлу ҳикояҳои ширин менамуд. Ман хаёл мекардам, ки шикорчӣ, бешубҳа дӯстдори табиат мебошад.
Боре Шодиамак моро ҳамроҳаш ба шикор бурд. Ҳини аз бари талу пуштаҳо гузаштан сайёд бепарво менамуд, ӯ чолокона роҳ гашта, бехато ҷонваронро ба нишон мегирифт. Ҳини дамгирӣ нақл кард, ки барои мерган шудану бехато тир ба нишон расондан вай ҳар моҳ мағзи сари ягон заргӯшро ҷӯшонда мехӯрад.
Дар натиҷа ончунон шикорчӣ шудаам, ки ҳини ба нишон гирифтан дастонам асло намеларзанд. Баъди чанд вақт яке аз пеш заргӯше ба чашм расид. Сайёд дарҳол диккак нишаста, ҷонварро ба нишон гирифт. Тираш хато нахӯрд. Ӯ заргӯши сайдкардаашро чобукона пӯст канда, мағзи сари онро бо иштиҳо то охир фурӯ бурд. Баъди ин воқеаи даҳшатбор дилам батамом аз шикорчӣ монд. Акнун ман ба нақлҳои ӯ дар бораи зебоӣ, табиат бовар надоштам. Ҳар замон пеши назарам хамон рӯзи наҳс ба ҷилва меомад. Хаёлам, то ҳол шикорчии мағрур мағзи сари заргӯш мехӯрад, то ин ки ҳангоми нишон гирифтан дастонаш наларзанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё