Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар арз карда бошад, қозию миршаб даррав ба кофтукови ту медароянд.
– Пас чӣ кор кардан лозим? – бесаришта шуд Восеъ.
– Ту ва духтар бояд, ки ҳар навъ карда барвақттар худатонро ба Дараи Мухтор расонеду даррав никоҳ кунед.
Чошнии субҳ гурезаҳоро дар роҳи Ховалинг ёфт.
Чоштгоҳ дуяшон дар сари як чашмасори кӯҳӣ фуромада ношто карда, нони аз хонаи Назир гирифтаашонро дар оби чашма тар карда хӯрданд.
Ногаҳон аз ҷониби Ховалинг ду савор намоён шуд. Восеъ дилаш хавф бурда, ба по хесту ба ояндагон чашм дӯхт. Хавф бурдани Восеъ аз Аноргул пинҳон намонд, ӯ ҳам бесаришта шуда аз ҷо хест ва нигоҳ кард:
– Инҳо кӣ бошанд?
– Роҳгузарон будагианд, – гуфт Восеъ.
Саворон дар адир аз назар ғоиб гардида ва боз дар болои қир намудор шуда буданд, ки чашмони тезбини духтари дарвозӣ аз масофаи қариб як чақрим аз ояндагон якеро шинохта дар изтироб афтод:
– Отаам!
Восеъ аввал бовар накард, аммо дурусттар нигоҳ карда, ӯ ҳам Наимшоҳро шинохт.
Наимшоҳ савори аспи қашқа дар роҳи борики байни кӯтал ва сангоб пеш–пеш меомад ва шарикаш аз қафои ӯ.
Саворон ҳам инҳоро диданд. Наимшоҳ ба ҳамроҳаш рӯ гардонда чизе гуфт, баъд дуяшон аспҳошонро қамчин зада лӯкка давонданд.
Восеъ ҳар балое, ки ба сари худаш ояд, тайёр буд тан диҳад, вале ӯ аз барои Аноргул тарсид: Наимшоҳ мумкин аст духтарашро қин кунад. Дар ҳамин дам Аноргул чизе гуфт, ки ҷавон ба ӯ қоил монд ва дилаш қувват гирифт:
– Натарс, Восеъ. – гуфт духтар, – дам истодан гир, ҳар чӣ ки тақдирамон бошад, мебинем.
Духтар ҳозир буд бадтарин пешомади худро ҳам бе тарсу ҳарос истиқбол намояд.

пешина
аз 471
навбатӣ