Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наимшоҳ тунду тез омаду аз асп пиёда шуда лаҷоми онро ба дасти шарикаш дода, қамчин дар даст, ошуфтаву ғазабнок ва даҳон пур аз дашномҳои қабеҳ, ба болои ҷавону духтар тохт.
– Охир ба дастам афтодӣ, ҳаромии дузд! – Ӯ бо зарбу шаст ба сари Восеъ қамчин зад. Восеъ дасташро боло карда буд, ки зарби қамчин ба оринҷи вай омад. Ду–се қамчини дигар ба пушти Аноргул фуроварда шуд. Восеъ ба занандаи пуркину ғазаб дарафтида, дасти қамчиндори ӯро маҳкам гирифт:
– Ба ӯ даст накобед, ӯ бегуноҳ аст! Заданӣ бошед, маро занед!
– Туро намезанам, балки мекушам! Хуни ту ба ман ҳалол шуд! – фарёд кашид Наимшоҳ ва дасташро аз чанги Восеъ халос карда, ӯро қамчин задан гирифт. Пешонӣ ва оринҷи Восеъ хуншор гашт.
Дар ин миён шарики Наимшоҳ мардаки салладори кулӯтариш ҳамчунин пиёда шуда, аспҳоро дар бехи буттае баста назди Наимшоҳ омаду ӯро аз Восеъ ҷудо кард.
– Бигузор ӯро, Наимшоҳ, ҷазояшро ҳоким медиҳад.
Восеъро даст ба пушт баста дар аспи худаш савор карданд, пойҳояшро ҳам ба рикоби асп бастанд, ӯ муқобилат накард. Наимшоҳ ҳам савор шуда Аноргулро дар қафои худ нишонд ва шарики ӯ аспи Восеъро етал карду ҳар чорашон роҳи Сарихосорро пеш гирифтанд.
Тахмини Назири зирак дуруст буд: Наимшоҳ баъди гурехтани Аноргул ва Восеъ фавран онҳоро таъқиб намуда ба Дараи Мухтор рафта буд. Чун онҳоро дар хонаи Шакар наёфт, ба Ховалинг рафта аз тарафи Восеъ писари Шакар дуздида шудани духтарашро ба миршаб арз кард. Миршаб тахмин кард, ки гурезаҳо, агар ба вилояти дигар паноҳ набаранд, шояд бо роҳи Тавилдараву Сарихосор омада истода бошанд, пас ба Наимшоҳ як нафар одами худро ҳамроҳ карда ҳар дуро ба ҷониби Сарихосор равона кард ва фармуд, ки гурезаҳоро агар дар қаламрави Ховалинг дастгир кунанд, ба назди ӯ биёранд ва агар дар қаламрави амлокдории Сарихосор ё Тавилдара дастгир кунанд–ба амлокдорхона ё миршабхонаи ҳамон ҷо баранд.

пешина
аз 471
навбатӣ