АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ ҷомаашро ба сараш кашида, завқ карда хуб хандид.
Сипас пиразан ҳиқ–ҳиқ гириста нақл кард, ки чи тавр баъд аз вафоти шавҳараш, ки куҳнадӯзе буд, духтари ӯ Назира боре дар адир алафҳои хӯрданӣ мечид, ногаҳон саркардаи мири Ҳисор бо сарбозонаш пайдо шуда ӯро мебинаду дуздида бурда ба мири худ пешкаш мекунад.
Он сол мири Ҳисор бо мирони Кӯлобу Балҷувон ҷангида, сарбозони ӯ то ба Ховалингу Сарихосор расида буданд.
Модари шӯрбахт пиёда ба Ҳисор меравад ва дараки духтарашро меёбад, аммо духтарро ба ӯ нишон намедиҳанд ва ясавулони мир ин зани побараҳнаи жӯлидамӯйро девона пиндошта, зада–зада аз дарвозаи қалъа меронанд. Аз он вақт чаҳор сол гузашт. Назира ба чӣ ҳол аст, зинда аст ё мурда модари зораш намедонад. Занак касе ва мададгоре ҳам надорад, ки ба суроғи Назира рафта хабари ӯро биёрад.
Восеъ дилаш ба пиразан сӯхт ва дар баробари ҳамин фикр кард, ки ба ҳар эҳтимол аз ин ҷо барвақттар ҳаракат кардан лозим аст.
Шаби дигар онҳо дар деҳаи Афардӣ ба хонаи Назир– мерган меҳмон шуданд.
Мерган аз додархонди худ даҳ–дувоздаҳ сол калонтар ва оиладор буд, ӯ Восеъро шоду хуррам пазироӣ кард.
Вақте ки Аноргулро зани Назир ба ҳавлии дарун бурд, Назир дар меҳмонхонааш Восеъро муборакбод кард, ки зан гирифтааст ва гиламанд шуд, ки чаро ӯ додархондашро ба тӯй хабар накард.
Восеъ маҷбур шуд ба ӯ ҳамаи воқеаро баён кунад.
Назир ба ҷойи таъриф кардани далерӣ ва мардонагии дӯсташ якбора ба хавотир афтода, хотири Восеъро ҳам мушавваш карда монд.
– Падари духтар, албатта, аз дунболи ту афтодааст, – тахмин кард Назир, – эҳтимол ӯ бо роҳи Ёхсу баромада кайҳо ба Дараи Мухтор расида бошад. Шуморо дар он ҷо наёфта, ба қозӣ ё миршаби Ховалинг арз карда бошад ҳам аҷаб не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё