АХТАРОНИ АДАБ

Онҳо қарор доданд боқимондаи рӯз ва шабро дар ҳамин деҳа гузаронида дам гиранд. Дар сояи тути пир аспро қантар карда, ба дамгирӣ нишастанд.
Пиразане бузи сафедро оварда дар лаби ҷӯй ба алаф баст. Аноргул ба наздаш рафта гуфтугӯ кард ва пас омада ба Восеъ хабар дод, ки оча розист онҳоро дар кулбаи худ манзил диҳад.
Дуяшон аспро етак карда аз пайи пиразан равон шуданду ба ҳавличаи танги нимвайронае, воқеъ дар буни як тали баланд, дохил гардиданд. Аз бақияи чапотӣ ва гӯшти яхнӣ ҳиссаеро бо кампир ва писару духтари хурдсоли ӯ ба ҳам диданд. Чун шаб даромад, Восеъ дар саҳни ҳавлӣ ба болои пӯстак, Аноргул бошад дар хонача паҳлуи бачагони кампир хоб карданд.
Кампир на фақат серманаҳ, балки кунҷков ҳам будааст:
якзайл ҷоғ мезаду аз Аноргул кӣ будани ӯ ва Восеъро мепурсид. Овози онҳоро Восеъ дар берун бараъло шунида мехобид. Аноргул ба ҳамхобааш гуфт, ки ӯ «зани ҳамин ҷавон мешавад». Восеъ аз ин гапи маҳбубааш дилаш таҳ зада рафт.
– Дуятон танҳо дар кӯҳу даштҳо мегардед, наметарсед?
– пурсид пиразан аз Аноргул.
– Аз чӣ метарсем?
– Охир, ту ҳамин қадар духтари зика ҳастӣ, бачам, мабодо ки чашми ягон амалдор ё сипоҳӣ ба ту афтад. Охир, онҳо одамони беномусанд, духтарони зикаро ба зӯрӣ мебаранд.
Восеъ ба худ ларзида аз дилаш гузаронд, ки: «Рост мегӯяд, эҳтиёт шудан лозим. Ба Аноргул мегӯям, аз мардони ношинос рӯяшро пинҳон кунад».
Аноргул мисли ин ки ин садои дили ошиқашро шунида бошад, ки баъди андак хомӯшӣ бо як тарзи содаву дилрабо ба пиразан гуфт. «Ман ба сарам ҷома дорам, ба бегона рӯямро нишон намедиҳам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё